Саду шаш барг

Муаллиф: Ли Чжаосин
Мутарҷимон: Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Низом Қосим
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 272
Соли нашр: 2006
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,47 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 32 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Саду шаш барг» намунаи ашъори шоири муосири Чин, ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ Ли Чжаосинро, ки бори нахуст аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, фарогир мебошад.

Умед дорем, ки он ба дӯстдорони адабиёт ва фарҳанги халқҳои мо армуғони арзанда хоҳад шуд.


Дар бораи муаллиф:

Бадеҳист, ки қабл аз ҳама Ли Чжаосинро дар олами сиёсат ҳамчун дипломати варзидаи Ҷумҳурии Мардумии Чин мешиносанд. Солҳои тӯлонӣ дар арсагоҳи сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла намояндагӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти он ва ҳоло ба ҳайси Вазири корҳои хориҷии кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи наздик буданаш гувоҳи мақоми воло ва эътибори халалнопазири ин абармарди хирадманд аст.

Рӯ ба адабиёт овардану шеър эҷод кардан барои Ли Чжаосин, ки бори пурмасъулияти сиёсати хориҷии чунин як давлати абарқудратро бар дӯш дорад, шояд дар нигоҳи аввал чунин намояд, ки он василае барои рафъи хастагиҳои хотиру бурун кашидани хаёлоти рангин аз қаъри дили оламбин аст, гарчанде кам мардеро метавон пайдо кард, ки шеър ва дипломатия – ин ду ҳунари нафиса ва на ба ҳар кас дастрасро моҳирона дар худ ба ҳам гирд оварда бошад.

Ашъори Ли Чжаосин, ки берун аз марзу буми Ватан, дур аз аҳли диёр, ҳангоми сафар ба ин ё он кишвари дуру наздик ва дидор аз шаҳре ё деҳе ва ё манзарае дар саросари ин ҷаҳони пурасрору рӯзгори гуногунранг чун донаҳои марворид ба риштаи назм кашида шудаанд, бо фалсафаи амиқ нисбат ба зиндагӣ, лутфи сухану камоли маънӣ хонандаро, бе шубҳа, дар сари ҳар як калима ба тааммул ва андеша водор менамоянд, зеро сурудаҳои ин шоир ва дипломати чинӣ бештар аз таассуроти маъмулии сафаранду густурдатар аз хотираҳои оддӣ аз дидорҳо.

Нигоҳи шоиронаи марди дипломат ба моҳияти мавзӯъ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бе ҳикмат бошад. Аз як ҷониб, мусаллам аст, ки гунҷоиши нигоҳу андешаҳо дар қолаби рехтаи забони дипломатӣ амрест ниҳоят душвор. Дар таъкиди ин маънӣ яке аз дӯстони дипломатам ҳамеша ба такрор талқин мекард: «забони дипломатия маҳдуд ба чанд сухани суфтаву ибораҳои рехта аст, ки изофаву иловаро ба худ намеписандад», дар ҳоле ки инсон дар қолаби шеър барои андешаронӣ хештанро озодтару бароҳаттар эҳсос менамояд. Аз ин хотир, руҷӯи лирикӣ ба Ли Чжаосин имконият фароҳам овардааст, то рисолати дипломатии худро ҳусни камол бахшаду гуфтаниҳои дар қаъри дилаш маҳфузро бо нӯги қалам ба берун кашад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *