Сабоҳи мардон

Муаллиф: Алидоди Чароғабдол
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 64
Соли нашр: 2011
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 521 Kб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 4 нафар

Дар бораи китоб:

Шеърoои Алидоди Чароғабдол ойинаи дили софи ўст, ки ишқи поки Ватан дар ў партав афканда.


Ӯ ҷон гудохтаасту аз он шеър сохтааст

Вай Алидод аст, Алидоди Чароғабдол, ки беш аз сӣ сол боз шеър мегӯяд. Нарму дурушт мегӯяд. Вақте ки рӯбарӯи мухолифин меистод, тунд, «Дар хоби гарон рав, ки ҳамон хоби ту хуштар» мегуфту барои истиқлолияти тозаэҷоди миллати тоҷик садо баланд мекард. Душвор буд барои шоири бесилоҳ, вале қалами Алидод найзаву синони ӯ буд дар гирумонҳои сиёсӣ ва шоир истодагарӣ кард, то миллати азизи тоҷикаш соҳиби Истиқлолияти комил шуду Ваҳдати зебои миллат тавқи онро гулдӯзӣ кард.

Акнун Алидод бо нафаси тоза ва садои нарм «Руҷӯҳи рӯҳи Камол»-ро рӯи кор овард, ки мазмуни онро ваҳдату ба ҳам омадани миллати тоҷик пурра кардааст. «Шукри Ваҳдат» гуфта ба майдони адабиёт дилпурона ворид гардиду ситоиши бузургию безаволии «Забони тоҷикӣ»- ро ба ҳамдиёронаш қисса мекунд. Алидод шоир аст, шоири дастандаркор.

Китоби шоир бо номи «Сабоҳи мардон», ки бори нахуст чоп мешавад, аз се бахши гуногунмазмуни сиёсию иҷтимоиву лирикӣ фароҳам омадааст ва қазоваташро ба хонандаи гиромӣ ҳавола мекунем. Бигзор худашон гӯянд, ки Алидод шоири меҳнаткаш аст. Шеър месозаду ду се рӯз пас онро боз аз нав месозад зеботару самимитар. Ӯ заҳмат ба харҷ медиҳад, ки шеъри вай аз суханбозиҳои зиёдатӣ холӣ бошад. Тоҷикӣ мегӯяду мураккабро ҳам то андозаи тавонаш содаю равшан мегӯяд.

Алидод директори Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳасту дар дасти вай бист нафар ҷавонзани китобдор кору фаъолият мекунанд. Вале ягон нафарашон то инҷониб надидааст, ки Алидод шеър нависад. Вале дар маҳфилҳои адабӣ ки моҳе ду се маротиба дар толори китобхона баргузор мегарданд, сардори онҳо дар қатори Лаълҷубаю Муҳиддину Пайшанбе шеър мехонаду кафкӯбии самимона тӯҳфа мегирад.

Оре, шеърнависии ин шоири дар Бадахшон машҳурро ягон нафар корманд, ягон нафар рафиқаш надидааст. Вай дар сукути шаб то бевақтӣ шеър мегӯяду меҷунбад, меҷунбаду шеър мегӯяд, менависаду хат мезанад, хат мезанаду боз менависад.

Румайса (духтарчаи шоир) лаҳзаяке бедор мешаваду «Татик хофс, мотат сут» (дадаҷон хоб рав, ки монда шудӣ) мегӯяд. Алидод шоиронаю моҳирона аллааш мегӯяду чашмакҳои зебояш боз пӯшида мешаванд. Алидод боз хаму рост шуда, ба дафтараш навиштану хат задан мегирад. Соате пас садои омиронаи Зеби зебо (ҳамсари шоир) баланд мегардад: «а чорик хофс соат ду сат» (ай мардак хоб рав ки соат ду шуд)! Ба ин фармон як шоири бесилоҳ, бемодару падар итоат накардан наметавонист. Вале дар ҷойгаҳ боз муддате қум-қуму ҳум-ҳум мегуфт то даме ки панҷаҳои нарму гарми Зеб лабони ӯро батамом намебаст.

Субҳи хеле барвақт Алидод мехест, ки шеъри нотамоми «Ёди бачагӣ»-ашро дар сумкаи ҳамроҳаш андохта, ба саҳнаи ширчой омода мешуд. Оре, шеърнависиашро то ҳол касе надидааст, то «Сабоҳи мардон»-аш омодаи чоп нашуд. Бале касе намедонист, ки Алидод дар дили шабҳо «Ҷонро гудохтасту аз он шеър сохтаст». Ӯ шоир аст шоири рангинхаёл.

Ширин БУНЁД,
Шоири халқии Тоҷикистон


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *