Дар бораи китоб:
Рӯзгор худ саҳнаи гардон aст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад. Хонандагони бориксанҷ “Ҳикоят чист ва чӣ тавр онро менависанд?, “Қатраҳо аз садафи андеша”, “Киро довар кунам?”, “Ғалатҳои кӯҳнаву нав” ва ғайра мақолаву очеркҳои ӯро хеле хуш пазируфтаанд.
Ин китоб аз ин зайл мақолоти адабӣ ва очерку публицистикаи шеворо фароҳам кардааст, ки адиб дар онҳо китобхонро бо асрори заҳмати адабӣ, сухан ва суханварӣ ва проблемаҳои рӯзгори иҷтимоӣ ва сиёсӣ ошно мекунад.