Решапайванд

Муаллиф: Амир Ризоев Хосиёнm
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 128
Соли нашр: 2012
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  753 Kб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 23 нафар

Дар бораи китоб:

Дар ин маҷмӯа шеърҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи муаллиф фароҳам оварда шудаанд. Маҷмӯа аз ду қисмат иборат буда, дар қисми аввал шеърҳо ва дар қисми сонӣ рубоиёт, дубайтиву қитъаҳо гирд омадаанд.


Дар бораи муаллиф:

Амир Ризоев соли 1938 дар деҳаи Хосиёни ноҳияи Ховалинг, собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Имсол 30-юми май ӯ синни 74-ро пур карда, ба синни мубораки 75-солагӣ қадам ниҳод. Ва ин китобро як навъ тӯҳфаи худи муаллиф ба ҷашни 75-солагияш низ донистан мумкин аст.

Устухони Амир Ризоев аз давраҳои навҷавони то ба нафақа баромаданаш дар меҳнати садоқатмандона ба нафъи аҳли ҷомеа сахт шудааст. Кам не, балки қариб ним аср ӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бурдборона меҳнат карда, соҳиби иззату икром, обрӯю эътибори баланд гардидааст. Ба ҳар ҷое ӯро ба кор фиристода бошанд, аз амалаш миннатдор буданд, ба дасту дили покаш қоил мегаштанд, ба фидокориву масъулиятшиносияш аҳсан мехонданд, таҷрибаашро меомӯхтанд ва чун шамъи маҳфилҳо медонистанд.
Имрӯз ҳамчунон аст, ки буд-обрӯманд, соҳибэҳтиром, шикастанафс, инсондӯстдор, хоҳони ваҳдату якдилӣ, ободу сарсабзии Ватан, рӯзгори шоистаи ҳамватанон.

Ҳаминро ҳам батаъкид бояд гуфт, ки Амир Ризоев аз овони туфуллият ба омӯзиш рағбати калон дошту имрӯз ҳам, ки ба синни 75 қадам мондааст, мехоҳад, аз ҳама рӯйдоду навгониҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон бохабар бошад. Дидагонаш камнур шуда бошанд ҳам, аз хондану навиштан худро канора намеги-6 Амир Ризозодаи Хосиёнӣ рад, бо аҳли хирад сӯҳбат оростанро дӯст медорад. Аз гузашти рӯзгор, бархӯрд бо неку бад, тай кардани шебу фарози умр таҷрибаи фаровон андӯхтааст ва онро аз касе дареғ намедорад. Нақлу ривоятҳои пуртаъсир дорад, ҷавононро панду андарз дода, ба роҳи нек раҳнамун месозад. Билхоса, ба меҳнати ҳалолу дасту дили пок эътимоду ихлоси беинтиҳо дорад.

Инро ҳар як хонандаи оддӣ низ аз ашъори ӯ ба хубӣ дарёфт карда метавонад. Масалан, дар як шеъраш. ки ба коргар бахшида шудааст, бо самимияти беинтиҳо чунин меорад:

Коргар, дар арса доим Ҳотамӣ,
Вақти бекорӣ надорӣ як даме.
Шодмону сарфароз аз меҳнатӣ,
Беш мегӯям-саропо ҳимматӣ…
Ҷӯш дорӣ, рӯзу шаб ту беқарор,
Ҳастӣ балки шаҳсутуни корзор.

Бешубҳа, ин гуна мисраҳоро касе гуфта метавонад ки худ дар деги меҳнат ҷӯшида, аз он самаре ба даст оварда бошад. Ба номаи рӯзгори Амир Ризоев жарофтар назар карда, барои андешаи боло ҷавоб ёфтан хеле осон аст. Ӯ бо маълумоти синфи 7-ум, ки дар деҳаашон Хосиён гирифта буд, қаноат накарда барои идомаи таҳсил ба мактаби маълумоти умумии маркази ноҳияи Ховалинг омад ва онро ба итмом расонда (соли 1954), дар вазифаи ҳисобчии бригада ба фаъолияти меҳнатияш оғоз бахшид. Эҳсос мекард, ки ҳатман маълумоте гирифтан зарур аст, ки соҳиби касбу кори мушаххас гардӣ. Соли 1956 бо ҳамин азм роҳи шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро пеш гирифт. Донишҷӯйи Техникуми савдо шуда, баъди ду сол ба зодгоҳ баргашт. Молшиноси Ҷамъияти матлуботи ноҳия таъинаш карданд. Дере нагузашта ноҳияҳои Ховалингу Аралро якҷоя карда, Восеъ номгузорӣ намуданд. Аз ин ноҳия ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафт. Соли 1963 баъди адои хизмат ба ноҳия баргашт. Бо супориши котиби аввали ҳизбии ноҳия барои кор ба колхози К.Маркс фиристода шуда, чун таъминотчии соҳаи сохтмон ба кор пардохт. Ӯ дар «Андеша» ном шеъраш аз он даврони серу пур, хушбахти одамони оддӣ ёдоварӣ карда такрор ба такрор таъкид мекунад, ки барои ноил шудан ба ризқу рӯзӣ, неъмати фаровон софдилона меҳнат кардан лозим аст, меҳнат асоси хушбахтист:

Кишоварзро буда давлат падар,
Варо буда доим саробони сар.
Табобат хушу ройгон мерасид,
Ту гуфтӣ, ба шоҳи ҷаҳон мерасид.
Буда мардумон банди дарсу китоб,
Набудаш аз ин беҳ ба коре шитоб.
Муаллим ба арши барин ҷой дошт,
Ба ӯ эҳтиром кеҳу меҳ мегузошт…
Ватан хоҳам ободу озод бод,
Дили мардуми коргар шод бод!

Дар ҳамон хоҷагие, ки ном бурда шуд, Амир Ризоев аз рӯйи зарбулмасали «Дарахт дар як ҷо месабзад» амал карда, вазифаҳои гуногуни пурмасъулиятро ба ҷо овард: раиси Комиссияи тафтишотии колхоз, ду давра муовини раиси колхоз, мудири комплекси чорводории колхоз, 30 сол сармеъмори хоҷагӣ, намояндаи доимии мардум дар ҷамоати деҳот, 20 сол машваратчии суди халқӣ, масъули сохтмони кӯпруки бузург аз болои дарёи Ёхсӯ ва ғайра. Дили беқарору ташнаи дониш ӯ дар ин давра ҳам нагузошт, ки танҳо ва танҳо банди корҳои хоҷагиву ҷамъиятӣ бошад. Ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) дохил шуда, онро ғоибона соли 1984 бо ихтисоси «Зооинженер») хатм намуд.

Бо вуҷуди солиёни зиёди дар вазифаҳои гуногуни дигар кор кардан, Амир Ризоев ба замин ҳусни таваҷҷӯҳи бениҳоят калон дошту дорад. Заминро чун рӯзирасони мардум медонад ва ақида дорад, ки ҳар зарраи онро ба дидаҳо тӯтиё кардан кам аст. Дар он рӯзу шаб кор кардан даркор, ба он ғамхорӣ кардан бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ин маънӣ дар бисёр шеърҳо, рубоиву дубайтиҳои китобҳои интишоршудаи ӯ ва маҷмӯаи мазкур низ мавқеи махсус дорад. Масалан, дар «Бас!» ном шеъраш чунин мефармояд:

Мо зи нодонию ҷаҳлем нобино,
Худ ба худ беҳуда ин пайкор бас!
Лутф аз баҳри замин кам мекунем,
Ғафлатоинем, ин кирдор бас!

Ва ё дар шеъри «Ҷаҳду талош» омада:

Худро ба кишт пайванд, хиште ба хишт пайванд,
Сарсабз то шавад ҷон, гардем муғчапайванд.

Ё ин ки:

Самар аз кор ку, ки гул намоиш мекунӣ имрӯз,
Замин бекор хобу худ ситоиш мекунӣ имрӯз.
Бипошӣ дона, аммо майсаи сабзе намерӯяд,
Ба сад рӯю риё бо ҳар кӣ созиш мекунӣ имрӯз!

Амир Ризоев парвардаву тарбиятдидаи давру замони хеш буда, он овонро давраи тиллоии ҳаёти худ ва кулли мардум медонад. Дар ҳамаи навъҳои шеъраш ба ситоиши он айём дучор омадан мумкин. Ин ақидаи шахсии ӯст ва то кунун онро дигар накардааст.

Дар навиштаҳояш ӯ бо номи зодгоҳаш Хосиёнӣ тахаллус мекунад, яъне Амир Ризозодаи Хосиёнӣ. Чуноне худ ҳикоят мекунад, ҳанӯз солҳои мактабхонию донишҷӯйӣ ба шеъру шоирӣ рағбат пайдо карда, ашъори адибони гузаштаву муосирро зиёд мутолиаву азёд мекард. Вале ҷиддан ба ин пайроҳа баъди бознишаста шуданаш иқдом кард. Аммо дер ҳам ба ин шуғл даст зада бошад, то ин дам ду маҷмуаи ашъораш – «Лайлуннаҳор» ва «Баҳор» интишор гардидаанд. Маҷмӯаи навбатиашро ӯ «Решапайванд» унвон кардааст, ки ба ақидаҳояш комилан мувофиқат мекунад.Зеро ӯ кулли башариятро аз як дудмон медонад ва бояд онҳо рӯзгорашонро аз рӯйи раҳнамоии беҳтарин атои Худованд – хирад ба роҳ монанд, дастгиру мададгори якдигар, якдилу якмаром бошанд, дар ободию хурамми сайёраи Сабз-Замини нозанин бикӯшанд, бахту саодат ёбанд, чунки ҳар як инсон маҳз барои хушбахтӣ ба дунё меояд ва расидан ба умеду армонҳо мақсади муҳимтарини кӯшишу ғайратҳои ӯст.

Дар қисми аввали маҷмӯа як силсила шеърҳо ва се марсия ҷой дода шуда, қисмати баъдӣ аз рубоӣ, дубайтиҳо ва қитъаот мураттаб гардидааст, ки доираи мавзӯъҳояшон фароху ибратомӯз аст. Умедворем, хонандаи хушзавқ аз мутолиаи онҳо барои хеш бисёр раҳнамоиҳову андарзҳои зарурӣ пайдо хоҳад кард.

Дар анҷом ба пири хирад Амир Ризозодаи Хосиёнӣ умри бардавом ва илҳоми саршор орзумандем.

Наср Бобои Сарфароз


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *