Дар бораи китоб:
«Равзаи роз» маҷмӯаи нави шеъру ғазал ва рубоиву дубайиҳои шоири воломақоми Самарқанди қандманд – Нормурод Каримзода мебошад. Шоир дар маҷмӯаи нави ашъорат паёмҳое дилангезро аз муҳаббат ба Ватан, хоки поки ниёгон, аз меҳру муҳаббати модар ва бузургдошти падар, аз садоқат ба хонавода ва дару девори Ватан, аз ишқ ва дӯстӣ, аз вафо ва ростй ба гӯши дили ташнагони каломи бадеъ армуғон медорад. Қаҳрамони мирикии Н. Каримзода чӣ ба унвони як шаҳрванди ин Ватан ва чӣ ба сифати як ошиқи содиқ марде самимӣ, ростгӯ ва ҳақнигар, вафодор ва соҳибирода аст.
Умедворем, гулҳои тару тозаи боғи розу ниёзҳои ӯ машоми ҷони шуморо муаттар менамояд.