Рамзи Ватан

Муаллиф: Низом Қосим
Ношир: «»
Саҳифа: 72
Соли нашр: 2019
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 342 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 6 нафар

Дар бораи китоб:

Солҳост, ки шахсияти нотакрор ва корномаҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ мавриди назари аҳли қаламанд ва садҳо шеъру манзума, очерку мақола исботи ин гуфта аст.

Беҳтарини он навиштаҳо далели ихлоси беандоза ва мисоли равшани муҳаббату самимияти муаллифон ба ин симои бузурги миллату давлатанд ва паҳлӯҳои гуногуни шахсияти беназиру фаъолияти пурсамари ӯро бозгӯ мекунанд. Дар айни ҳол таваҷҷуҳи хонандагон ҳам ба ин мавзӯъ пайваста меафзояд ва зарурати шеъру таронаҳое, ки симои Пешвои миллатро арзанда инъикос бинамоянду ба хонандаву шунаванда лаззати бадеӣ бибахшанд ва шоистаи дар маҳфилҳои гуногун тараннум кардани кӯдакону наврасон ва ҷавонон бошанд, бештар мешавад.

Ин шеъру таронаҳо, ки дар тӯли қариб бист сол дар бораи шахсият ва сиёсати созандаи Сарвари давлат гуфта шудаанд ва дар маъракаҳои зиёди сиёсиву фарҳангии мамлакат садо дода, ба қавле аз имтиҳони хонандаву шунавандаи соҳибзавқ гузаштаанд, бо ҳамин сабаб ба ҳам оварда, баҳри чоп манзур мегарданд. Бовар дорем, ки маҷмӯа барои хонандагону донишҷӯён ва дигар мутаваҷҷеҳони ин мавзӯъ заруру ҷолиб ва дар тарбияи завқу салиқаашон саҳмгузор хоҳад буд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *