Пеш аз шаби арӯсӣ

Муаллиф: Баҳром Фирӯз
Ношир: “Хуросон”
Саҳифа: 484
Соли нашр: 2019
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,16 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 478 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар ин маҷмӯа, бо интишори ҳикояи ҳамноми китоб, аз ишқи маъсуми духтари ҷавон ба нависанда – қаҳрамони достон ривоят мешавад, ки он бо зиндагии даврон ва қонуну қавоиди замон ошно мекунад.

Беш аз 35 ҳикоя, ки аз пањлӯњои мухталифи рӯзгори мардуми тоҷик – аз арафаи инқилоби шӯравӣ то рӯзҳои шикасти карахтию даврони бозсозӣ дар мисоли саргузашти одамони воқеӣ, ки дар он аз муҳаббату нафрат ва заҳмату талошҳои онон ҳикоят мешавад ва далолати мутанаввеъ будани нигоришоти адиб мебошад, дар китоби дуввум фароҳам омадааст.


Дар бораи муаллиф:

Бахром ФирузЗиндагинома

Баҳром Фирӯз 1 ноябри соли 1938 дар шаҳраки тоҷикнишини Нуратои тобеи шаҳри Самарқанд, дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд (1956) ва Институти давлатии педагогии Ленинобод.

Фаъолияти корӣ

Чанде муаллими Институти давлатии педагогии Ленинобод буд. Корманди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964—1968, 1972—1978). Мудири шуъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон» 1964-68), маҷ. «Садои Шарқ» (1969), мудири бахши адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» (1978—1980), мудири шуъбаи адабиёти бадеии г. «Маданияти Тоҷикистон» (1980), муҳаррири нашриёти «Маориф» (1981-87), муҳаррири нашриёти «Адиб» (1987-92). Аз соли 1992 то ох. умр ходими адабии маҷ. «Сайҳун» буд. Фаъолияти адабии

Эҷодиёт

Баҳром Фирӯз солҳои 60-уми асри XX оғоз шуда, бо номҳои «Розҳои маҳтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) ду маҷмӯаи ашъор ба табъ расонид. Дар маҷмӯаи «Тафти дил» (1984) шеъру тарҷумаҳои манзумаш гирд омадаанд. Дар шеърҳояш оид ба масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ, симои маънавӣ ва ишқу муҳаббати инсон баҳс менамояд. Бо навиштани нахустин ҳикояаш «Бобо» дар маҷалла «Садои Шарқ» (1972) ба насрнависӣ гузашт. Мавзӯи асосии асарҳои насриаш ташаккули шахсияти ҷавонон ва омилҳои иҷтимоии марбути зиндагии онҳо мебошад. Маҷмӯаи ҳикояҳои Баҳром Фирӯз «Пайи ситора» (1976), «Ганҷ дар вайрона» (1977), повести «Рухсора» (1978), китоби қиссаву ҳикояҳои «Ту танҳо не» (1980), ҳикояҳои «Ҳақиқати талх» (1981), «Аз арш то фарш», «Тору пуд» (ҳар ду 1983), «Агар вай мард мебуд» (1987), «Пеш аз шаби арӯсӣ» (1989), маҷмӯаи очерку мақолаҳои «Саҳнаи гардон» (1993), «Муаллими сахтгир» (2007), романи нотамоми «Ғафлатзадагон» (2009) ва ғайра ба қалами Баҳром Фирӯз мутааллиқанд. Дар ҳикояву повестҳо ба таҳқиқи ботинӣ ва ҷузъиётбандии равонӣ майл дорад ва дар асоси сужети камвоқеа ба падидаҳои дарунии хислати инсон мутаваҷҷеҳ гардида, моҳияти инсонӣ ё ғайриинсонии онро падид меорад. Биниши Баҳром Фирӯз ба равияе аз насри солҳои 70-80-уми асри XX тааллуқ дорад, ки ҷустуҷӯҳои эҷодӣ барои дар ҳастии хонанда устувор кардани пояҳои тасаввуроти халқ оид ба маънавияту ахлоқ ва ҷамъияту табиат равона шудааст. Дар повести «Ту танҳо не» муносибат ба табиат санги маҳаки арзиши инсонии қаҳрамон қарор ёфта, масъалаи «инсон ва табиат» чун ҷузъи муҳимми иртиботи «инсон ва ҷамъият» ба миён гузошта шудааст. Ӯ аз повестҳои «Тору пуд» (1983), «Агар вай мард мебуд» (1987) сар карда, ба «насри андешапарвар» рӯ овард, ки дар онҳо дар баробари ҷузъиётбандии равонӣ, инчунин андешаҳои доманадору ҳаяҷономези публитсистӣ ва ҳофизаи маданӣ (таҷрибаи маънавию ахлоқии гузаштагон) воситаи асосии таъйин кардани моҳияти иҷтимоии рӯйдодҳои атроф ва рафтору гуфтори мардум, хусусан ҳодисаҳои ногувори замон аст. Мавқеи инсонситоии нависанда дар ин ҳикояҳо бо қувваи фаъолтаре дар муқобили бадиву бадкирдорӣ намудор гардида, ормонҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.

Воқеанигорӣ

Баҳром Фирӯз дар солҳои бозсозӣ (1985-91) ва истиқлоли Тоҷикистон (аз соли 1991) фаъолияти бештари иҷтимоӣ нишон дод. Мақолаҳои публитсистӣ, ҳикоёт ва осори калонҳаҷм таълиф намуд. Романи «Ғафлатзадагон» ва маҷмуаи «Хотираи як муҳаббат» (2009) киноя ва танқиди сахтест нисбат ба вазъи ноҳинҷори ҷомеаи шӯравӣ. Осори дигари таълифнамудаи ӯ низ оид ба бенизомиҳои ҷомеа, танқиди камбудиҳои афроди тангназар, худхоҳ ва маҳалгаро, тарғиби худшиносию ватандустӣ мебошанд. Ба таври куллӣ сабки Баҳром Фирӯз воқеъгароёна буда, осораш дар заминаи далелу арқом ва ҳодисаҳои рӯзмарраву тарҷумаиҳолӣ таълиф шудаанд. Ӯ кӯшидааст, ки воқеаҳои ҳаррӯзаро таълим диҳад ва моҳияти ибратбахши онҳоро бозгӯ намояд.

Тарҷумонӣ

Намунаҳои насру назми халқҳои гуногунро тарҷума кардааст. Тарҷумаи матни қариб 50 филми бадеӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Повесту ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, ӯзбекӣ, чехӣ, булғорӣ, ҷопонӣ ва ғайра чоп шудааст.

Ҷоизаҳо

Барандаи ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1991). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1971.

Даргузашт

Баҳром Фирӯз 25 сентябри соли 1994 ин ҷаҳонро тарк намуд. Баҳром Фирӯз дар қабристони «Гумбази Қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд. Болои санги мазораш дарахти сершохест бо гулҳои зард, ки бештари фасли сол сабзу гулафшон аст ва рӯи он чорбайтиаш тарошида шуда, ки хулосаи зиндагию осори ин адиби некномро таҷассум мекунад:

Аз марг амон кӣ ёфт, то ман ёбам,
Боз умри ҷавон кӣ ёфт, то ман ёбам.
Шеърам ҳамагӣ паёми фардои ман аст,
3-ин беш ҷаҳон кӣ ёфт, то ман ёбам?


Осор:

Баҳроми Фирӯз муаллифи номгӯи маҷмӯаҳои зерин мебошад:

  • «Розҳои маҳтобшаб» — Душанбе, «Ирфон», 1967, 96 саҳ, (шеърҳо)
  • «Силсила» — Душанбе, «Ирфон», 1973, 96 саҳ, (шеърҳо)
  • «Пайи ситора» — Душанбе, «Маориф», 1975, 64 саҳ. (ҳикояҳо)
  • «Ганҷ аз вайрона» — Душанбе, «Маориф», 1978, 160 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)
  • «Рухсора» — Душанбе, «Ирфон», 1978, 160 саҳ. (повест)
  • «Ту танҳо не» — Душанбе, «Маориф», 1980, 240 саҳ. (повест ва ҳикояҳо)
  • “Ты не одинок” — Москва, «Детская литература», 1981, 176 стр. (повесть и рассказы)
  • «Ҳақиқати талх» — Душанбе, «Ирфон», 1981, 288 саҳ. (ҳикояҳо)
  • «Аз арш то фарш» — Душанбе, «Маориф», 1983, 320 саҳ. (достон ва ҳикояҳо)
  • «Тафти дил» — Душанбе, «Ирфон», 1984, 208 саҳ. (шеърҳо)
  • «Тору пуд» — Душанбе, «Маориф», 1985, 208 саҳ. (достон ва ҳикояҳо)
  • «Агар вай мард мебуд…» — Душанбе, «Адиб», 1987, 384 саҳ. (повестҳо)
  • «Была бы она мужчиной» — Душанбе, «Адиб», 1990, 447 стр. (повесть и рассказы)
  • «Саҳнаи гардон» — Душанбе, «Адиб», 1993, 350 саҳ. (мақола ва очеркҳо)
  • «Ғафлатзадагон» — Хуҷанд, «Хуросон», 2019, 450 саҳ. (роман)
  • «Пеш аз шаби арусӣ» — Хуҷанд, «Хуросон», 2019, 484 саҳ. (ҳикояҳо ва достонҳо)
  • «Хотираи як муҳаббат». Душанбе, ТЧБ «Истиқбол», 2009, 165 саҳ.
  • «Дарёи меҳр». Душанбе, «Адиб», 2009, 136 саҳ.

Дидгоҳи аҳли илму адаб дар мавриди Баҳром Фирӯз:

“Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама одамиятро устувор мекунад”.

Муҳаммадҷон Шакурӣ,
академики Академия улуми Тоҷикистон, с.2009

“Баҳром Фирӯз мардуми худро хуб мешиносад, дар асарҳояш хусусиятҳои миллии зиндагӣ ва одатҳои тоҷикон ба таври ҳақиқӣ инъикос меёбанд. (Гӯштингирӣ – мусобиқаи паҳлавонон”). Дар ин росто насри Баҳром Фирӯз ба адабиёти бисёрмиллатии шӯравии солҳои охир мутобиқ мешавад, ки дар он мавзӯи ахлоқӣ аввалиндараҷа мебошад”.

Сотим Улуғзода,
нависанда, узви вобастаи Академия улуми Тоҷикистон, с.1982

“Чӣ дар ҳикояҳои хурду чӣ дар қиссаҳояш, чӣ дар очеркҳояш, ки ҳар яке паҳлӯҳои гуногуни зиндагиро фаро гирифта буданд, вай шоир монд. Масъалаҳои нав ба навро ҷустуҷӯ мекард, баҳсҳои ӯ хонандаро ба фикру андешаҳо гирифта мебурд”.

Гулчеҳра Сулаймонова,
шоир, с.1999

“Баҳром Фирӯз дар бораи қиссаю ҳикояҳоям мақолаҳо навишта буд, ҷонибдориям мекард, шахсе, ки борҳо дар зиндагӣ дастгирам гашта… Акнун аз ӯ бароям ёд монда, суратҳои бо ҳам гирифта, номаҳо, навиштаҳояш монда.

Кароматулло Мирзо,
нависанда, с.1995

“Муболиға намешавад агар гӯям, ки Баҳром Фирӯз ҳар як достони нави худро барои мутолиаву машварат даставвал ба Муҳаммадҷон Шукуров ва камина месупорид. Ман дастнависи асарҳои ӯро бодиққат мехондам. Аз образҳои мукаммали офаридааш ва аз бозёфтҳои ҷолиби бадеияш ба завқ меомадам. Ман ба ин хотираҳои парешони худ бо се байти тозаи мувашшаҳ нуқта мегузорам:

Боз ёдат мекунам, эй дӯст, шабҳои дароз,

Аз вафоти нобаҳангоми ту бо сӯзу гудоз.

Ҳайфам ояд аз ғуруби моҳтоби мӯҳташам,

Рафтию бинҳоди андар қалби мо дарду алам.

Одати мо нест, аммо нолаю оҳу фиғон,

Монад осори наҷибу номи некат ҷовидон.

                             Абдумалик Баҳорӣ,
нависанда, шоир ва драматурги тоҷи  с.1998

“Ман бисёр ҳикояву қиссаҳо ва романи “Ғафлатзадагон”-и ӯро хондаам. Ҳамин баҳои устод Шакурӣ ба тамоми эҷодиёти Баҳром хос аст. Вай адиби ҳақталош, дар кору зиндагӣҳам яксухану якрӯ буд ва чунин рафтор мекард”.

Гулназар,
шоир, октябри 2009

“…Вақте ҳарф мезад, барои далели сухан на фақат аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Мавлонои Румӣ ва ё Айнию Лоҳутию Турсунзода, балки бештар аз осори фалсафа ва кимиёгарону риёзидонҳои ҷаҳон мисолу иқтибосҳо меовард.”

Додоҷон Раҷабӣ,
нависанда, с.1999

“Чунонки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ, яъне бо сухан зинда хоҳад монд”.

Саидалӣ Маъмур,
шоир, с.1999

“Бо навиштаву эҷодаш меҳмони азизи ҳар хонадон аст. Маҳбубият дорад миёни хонандагони сершумораш. Ва як сухани нек ба сони чашмаи мусаффое бошад, ки умре замини эътиқод ва орзуҳои инсонро шодоб созад”.

Латофат,
шоир, с.2009

“Баҳром Фирӯз симои сирф тоҷиконаву нуронӣ ва ботини зебо ҳам дошт…

…Хабари тарҷумаи намунаҳо аз осори нависанда ба забонҳои олмониву ҷопонӣ ва англисӣ моро ба ваҷҳ меовард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта чунин рӯйдоде басо нодир буд ва маъниҳои баланди осори адабии Баҳром Фирӯзи сухангустар аз ёди мо ва ҳазорҳо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарқанди шӯҳраи даҳр нарафтааст ва нахоҳад рафт”.

Мирзо Шакурзода,
адиб, с.2009

“Ман фикр кардам, ки ҳикояҳои акаи Баҳром тахмин аз панҷоҳ бештаранду то ҳол дар бораашон мақолае нахондаам. Бетарафиву бетафовутии ҳамнишину ҳамсолон касро алам мекунад. Аммо акаи Баҳром аз шеър ё ҳикояи хуби дигарон хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки аз адибони насли мо ҳеч кадоме мисли Лоиқ забонро хуб намедонад. Ё аз ҷавонон Низом Қосим шеърҳои дилнишин менависад. Китоби Фарзонаро чоп кардем. Ман мудири шӯъба. Лекин як калимаро ҳам дигар накардам. Баъзан китоби шоирони номдорро сип-сиёҳ карда ба дасташон бармегардонем. Ана пас аз ақиб айб кофта мегарданд. Лекин ман аз онҳо наметарсам…”

Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин),
нависанда, с.1999

“Баҳром Фирӯз аз мутолиаи осори ҷавонони соҳибзавқу ҳунарманд меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард ва дигаронро даъват мекард, ки аз адибони соҳибистеъдод ибрат бигиранд.”

Пайванди Гулмуродзода,
рӯзноманигор, с.1995

“Ғоибона аз рӯи ҳикояву очерк ва шеърҳои ҷаззоби Баҳром Фирӯз ба воситаи радиову телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо мешинохтам. Ва орзу доштам аз наздик бо ин марди хирад шинос шавам. Ман гумон доштам, ки Баҳром Фирӯз як марди солдидаи мӯйсафед ва хеле ботаҷрибае ҳаст, ки навиштаҷоташ пухтаю бо далелҳо силсилабандӣ шудаанд. Дидам, ки марди хеле ҷавони боқуввати мӯйсиёҳ, аммо соҳиби таҷрибаву пухтакор. Дар рафти ҳамкорӣ бо ин марди закию зиндадил ба ин бори дигар бовар ҳосил намудам”.

Тӯҳфа Расулӣ,
рӯзноманигор, с. 1999

“Ҳамин тавр, дар муддати тӯлонӣ чандин китобҳо (достону романҳо) яке паси дигар хонда шуданд. Баҳромҷон ҳам ба “касалӣ”-и доимии китобхонӣ гирифтор шуд, ки то охири умраш давом кард. Яъне устод Наимов ӯро ба ин “касалӣ” гирифтор карда буданд”.

Раҳмат Давлатов,
дӯст ва ҳамсабақ, с.2009

“Баҳром Фирӯз ҷӯяндаву ёбанда буд, ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Осори тозаву нав меофарид. Забони асарҳояш тоза, мантиқаш баланд, қаҳрамони қиссаву ҳикояҳояш бофтаи хаёлӣ набуда, балки одамони ҳақиқии некному некбин мебошанд”.

Расул Шарифов,
дӯст ва ҳамсабақ, с.2008


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.