Паямбари ишқ

Муаллиф: Атахон Сайфуллоев
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 544
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,44 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 23 нафар

 


Дар бораи китоб:

Китоби адабиётшинос Атахон Сайфуллоев «Паямбари ишқ» ҳаёт ва эҷодиёти поягузори адабиёти форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо нигоҳи тоза ба ҷараёни зиндагӣ ва мероси адабии султони шоирон баррасӣ менамояд. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки сарчашмаҳои шеъри форсии тоҷикиро то замони Рӯдакӣ ва таъсири офаридаҳои ӯро ба ворисони соҳибқирони шоирӣ то даврони мо нишон бидиҳад. Рисоларо аҳли илму фарҳанг, муаллимон, донишҷӯён, мухлисони ашъори Рӯдакӣ истифода бурда метавонанд.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Атахон Сайфуллоев факултаи филологияи тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1954). Аспиранти ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко (1955-1958), ходими калони илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1965), мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1965-1968), котиби садорати ИН ҶШС Тоҷикистон (1968-73), докторанти Академияи улуми ҷомеашиносии назди КМ ХКИШ (1973-1975) сармухаррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1975-85), ходими пешбар ва сарходими илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон(1985-1989), директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони ҶТ (1989-90), мудири шуъбаи хамкори бо ташкилотхои чамъиятию сиёси ва муносибатхои миллии КМ ХК Тоҷикистон (1990-91), раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1991-92), котиби масъули шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон (1993-2002), мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик (аз с.1995), ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар в.Суғд (1997-2007), муовини раиси Шӯрои мазкур (аз с.2007), сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии “Паёми Суғд (аз с.2002).

Эҷодиёт

Муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутакобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст. Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик» ва «Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ» (Маскав), муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ, тарчумони романи С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта», очеркҳои М.Котов ва тадқиқоти Г.Ломидзе «Оҳанги интернатсионалӣ дар адабиёти шурави» мебошад. Як силсила мақолаҳояш дар Маскав, Киев, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд ва Афғонистон ба чоп расида, қисме аз онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ тарҷума шудаанд. Таҳти рохбарии С. ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Осор

  • Романи устод Садриддин Айни “Дохунда”. – Д., 1966;
  • Тафаккур ва образ. – Д., 1968;
  • Меридианы поэзии. – Д., 1971;
  • Мирзо Турсунзода. – Д., 1983;
  • Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо. – Д., 1975;
  • Проблемы взаимодействия литератур. – Д., 1976;
  • В единстве и родстве. – Д., 1989;
  • Президент Эмомали Рахмонов. – М., 2000 (бо хаммуаллиф);
  • Халқаҳои пайванди адабӣ. – Хуҷанд, 2003;
  • Фуруғи маънавият. – Хуҷанд, 2005;
  • Уфуқҳои тозаи наср. – Д., 2006;
  • Ҷону ҷаҳони наср – Хуҷанд, 2009; (дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад);
  • Паямбари ишқ – Душанбе, 2008, (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ);
  • Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX – Хуҷанд, 2011(ҳамроҳи Осим Каримов);
  • Оинаи барқади сухан – Хуҷанд, 2013.

Мукофот

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, бо ифтихорномахои Раёсати ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои Шараф, Дустӣ, медали тилои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ғайра мукофотонида шудааст.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *