Оташаки гумроҳ

Муаллиф: Тэтсуо Миура
Мутарҷим:  Абдуғаффор Қурбонов
Ношир: «ЭР-граф»
Саҳифа: 204
Соли нашр: 2016
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 3,44 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 28 нафар

Дар бораи китоб:

Новеллаҳои нависандаи Ҷопон Миура Т.

Нависандаи суннатгарову анъанапараст, тарафдори урфу одатҳои миллӣ Тэтсуо Миура масъалаҳои муҳими рӯз, ки тамоми аҳли Ҷопони даҳсолаи охири асри гузаштаро ба ташвиш оварда буданд, ба миён мегузорад. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии одам дар олами сармоя ва ғайра мавзуъҳои асосии новеллаҳои ӯ ба шумор мераванд.

Эҷоди нависандаи закӣ ва хушзавқи ҷопонӣ воқеӣ буда, мағз андар мағзи он омехтаи фикру андешаҳои инсондӯстию одампарастӣ мебошад. Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи асарҳои ӯ ин истифодаи лирика ва дақиқияти руҳия ба шумор меравад.


Дар бораи муаллиф:
Тэтсуо Миура
(Шарҳи мухтасари тарҷумаи ҳол)

Номи Тэтсуо Миура ҳамчуноне, ки ба ҷамъияти русзабонон он қадар маълум нест, ба хонандагони тоҷик низ ошно нест, вале тавре бархе аз мунаққидони адабӣ иброз медоранд, бисёриҳо маҳз аз тариқи эҷодиёти ӯ ба адабиёти Ҷопон шавқу ҳавас пайдо кардаанд.

Тэтсуо Миура 16 марти соли 1931 дар шаҳраки Хатинохе, ки дар ҷазираи Хонсюи профектураи Аомории минтақаи Тохоку ҷойгир аст, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай дар байни се бародару се хоҳар аз ҳама хурдӣ ба ҳисоб мерафт, вале ду бародари калонӣ беному нишон гум шуданд ва ду хоҳари калонӣ ҳаёти худро бо худкушӣ қатъ карданд.

Соли 1949 Миура ба Донишгоҳи Васедаи Токио дохил шуд, вале баъд аз беному нишон шудани бародари миёнагӣ ба шаҳри худаш баргашт. Маҳз дар ин ҷо, ҳангоме ки ба ҳайси муаллим дар мактаби миёна кор мекард, ба эҷоди асарҳо шуруъ намуд. Баъди чанд сол, аниқтараш соли 1953 ба Донишгоҳи Васеда баргашт ва соли 1957 шуъбаи адабиёти фаронсавиро хатм кард.

Бори аввал Тэтсуо Миура соли 1955 навиштаҳои худро дар маҷалла ба нашр расонид. Ҳамон вақт ҳикояи вай таҳти унвони “Ман дар понздаҳсолагӣ ва атрофиёни ман” аз ҷониби романнависи машҳур Масудзи Ибусэ баҳои мусбат гирифт.

Ҳикояи “Дарёи таҳаммул”, ки соли 1960 сазовори мукофоти ба номи Рюноскэ Акутагавӣ гардид, ба нависанда шуҳрати адабӣ овард. Ҳикояи мазкур дар асоси таърихи хонадоршавии муаллиф таҳия шудааст. Китоби кӯдаконаи ӯ “Юта ва дӯстони хуби ӯ”, ки соли 1971 ба нашр расид, ҳамчунин сазовори баҳои баланд гардид.

Соли 1976 барандаи ҷоизаи ба номи Номи (маҷмӯаи “Туфангча ва 15 ҳикояҳо”), ҳамчунин ду маротиба сазовори ҷоизаи Ясунари Кавабатӣ соли 1990 (ҳикояи “Батат”) ва соли 1995 (ҳикояи “Шапалак-ҳаннот”) гардид. Ҳикояи “Дарёи таҳаммул” соли 1972 аз ҷониби коргардон Кэй Кумаи филмбарборӣ шуда, соли 1977 бошад аз тарафи Ширкати театрии Шики китоби кӯдаконаи “Юта ва дӯстони хуби ӯ” ба саҳна гузошта шуд.

Соли 1988 Миура ба узвияти Академияи санъати Ҷопон пазируфта шуда, зиёда аз бист сол, аз соли 1984 то соли 2005 аъзои доварони ҷоизаи ба номи Акутагавӣ буд. Ҳатто баъди паси сар кардани сактаи майна дар соли 2001 Миура эҷоди асарҳоро идома медод. Баъди ба нашр расидани маҷмӯаи эссеҳои вай таҳти унвони “Бибӣпосбон” дар моҳи июни ҳамин сол, ӯ ҳангоми мусоҳибаи худ ба рӯзномаи “Маинити Симбун” изҳор намуд, ки мехоҳад боз як роман нависад: “Имсол аҳволам беҳтар шудааст. Агар ман навиштанро қатъ намоям, метарсам, ки ин охири ҳаёти ман хоҳад буд”.

Риштаи умри нависандаи сермаҳсул ва номии Ҷопон Тэтсуо Миура 8 августи соли 2010 дар синни 79 солагӣ аз бемории дил дар шифохонаи Токио канда шуд.

Ба забони русӣ асарҳои Тэтсуо Миураро хеле кам тарҷума кардаанд. Ҳикояи “Дарёи таҳаммул” соли 1975 дар маҷмӯаи “Ҳам ишқ буду ҳам нафрат”ва соли 1980 маҷмӯаи “Новеллаи муосири Ҷопон. Солҳои 1945-1978” чоп шуд. Ва танҳо соли 1985 нашриёти “Радуга” маҷмӯаи ҳикояҳои Тэтсуо Миура “Оташаки гумроҳ”-ро ба нашр расонд.

Мутаассифона, ба забони тоҷикӣ осори хеле ғанӣ ва пурмуҳтавои Тэтсуо Миура то ҳанӯз рӯи чопро надидааст. Бояд иброз намоям, ки тарҷумаи ҳикояҳои ин нависанда, аниқтараш тарҳи аввал ё дастнависи онро дар айёми ҷавонӣ ҳанӯз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта, ҳангоми адои хизмати низомӣ дар қаламрави давлати ҳамсоя – Афғонистон шуруъ ва анҷом дода будам. Бо гузашти чандин солҳо ва бо ба даст омадани вақту имконоту шароити муносиб имсол бори дигар онро рӯйи даст гирифта, кӯшиш ба харҷ додам, то бо диди наву андешаи ҷадид амали пешини худро такмилу суфта созам. Ин кӯшиши аввалини банда барои ба хонандаи нуктабину нуктасанҷ ва азизу гиромии тоҷик пешниҳод кардани чанд ҳикояи нависандаи соҳибистеъдоди Ҷопон ба шумор меравад ва умедворам, ки мутолиаи онҳо барояшон писанд хоҳад омад ва дар лаҳзаҳои фароғат дилашонро шоду табъашонро болида мегардонад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *