Дар бораи китоб:
Ин китоби охирини Ҷалол Икромӣ мебошад. Нависанда дар бораи солҳои наврасияш, хешу табораш, револутсияи сотсиалистии Бухоро ва сарнагун шудани республикаи сотсиалистии Бухоро, тараққиёт ва сабзиши республикаи сотсиалистии Тоҷикистон сухан меронад. Саҳифаҳои зиёде ба солҳои мудҳиши 1937-1939 бахшида шудааст.
Дар бораи муаллиф:
Ҷалол Икромӣ (форсӣ: جلال اکرامی; 7 (20) сентябр 1909, Бухоро — 11 апрели 1993) — нависанда, драманавис, тарҷумон, Нависандаи халқии Тоҷикистон (1976), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1964), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962).
Зиндагинома
Ҷалол Икромӣ 20 сентябри соли 1909 дар шаҳри Бухоро дар оилаи қозӣ ба дунё омадааст. Соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намуда ба касби муаллимӣ пардохтааст. Соли 1930 озими Сталинобод – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Чанд муддат корманди кумитаи тоҷикшиносӣ (баъдҳо ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ табдил меёбад) буда аст. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Солҳои тӯлонӣ ба фаъолияти озоди эҷодӣ иштиғол варзидааст. Ҷалол Икромӣ то поёни умр муқими Душанбешаҳр буда, соли 1993 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шодравон дар оромгоҳи Боғи Лучоб мадфун мебошад.
Эҷодиёт
Ҳикояҳои аввалинаш дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта навишта шудаанд. Дар ташаккули шахсӣ ва нигорандагии ӯ сахтгирӣ ва ғамхориҳои Устод Айнӣ нақши ҳалкунанда гузоштааст. Аввалин ҳикояи мунташираи ӯ «Шабе дар Регистони Бухоро» (1927) бо талқину раҳнамойии Устод Айнӣ навишта шудааст. Нахустин ҳикояҳои дигари ӯ дар давоми солҳои 1928-1930 нахустин қиссаи ӯ «Тирмор» дар давоми солҳои 1931-1934 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд. Китобҳои аввалини «Ҳаёт ва ғалаба» ва қиссаву ҳикояҳояш «Ду ҳафта» соли 1934 интишор ёфтаанд. Баъдан маҷмӯаҳои «Тирмор» (1936) ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?!»-яш (1936) ба табъ расидаанд. Ҷалол Икромӣ аз оғози солҳои сӣ ба омӯзиши забони русӣ дода шуда, чанде аз намунаҳои ҳикоятҳои А. Чеховро ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамин айём буд, ки ӯ тарҷумаи қиссаи Ю. Либединский “Ҳафта” – ро ба поён расонд. Романҳои «Шодӣ» (қ. 1-1940; қ. 2- 1949) ва «Ман гунаҳкорам» (1957), қиссаи «Тори анкабут» (1957) Ҷалол Икромӣ аз чоп баромада, ӯро дар қатори беҳтарин нависандагони тоҷик қарор додаанд. Баъдан романҳояш «Духтари оташ» (1962), «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»,(1965) ва «Тахти вожгун» (1974), ки трилогияи маъруфи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-ро ташкил додаанд, дар Душанбе, Маскав, Теҳрон, Порис, Прага, Берлин ва дигар мамлакатҳо борҳо мунташир гаштаанд ва заминаи филмҳои бадеӣ қарор гирифтаанд. Соли 1974 (дар ҳамқаламии Ҳабибулло Назаров) романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум», соли 1980 «Сафармахсум дар Бухоро»-ро таълиф кардааст, ки ба чандин забон нашру тарҷума шуда, шӯҳрати муаллифро ба маротиб афзудаанд. Романи «Зоғҳои бадмур»-и ӯ соли 1979 дар Душанбе, соли 1979 дар Маскав (ба забони русӣ) чоп шудааст. Романҳои «Хатлон»-у «Гули бодом аз Конибодом» дар солҳои охири ҳаёти нависанда ба қалам омада, дар онҳо симои ҳамзамонони бунёдкору ҳунарварамон ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Ҷалол Икромӣ очеркнависи машҳуре ҳам буда, китобҳои очерки сафарии «Сафар кардан – ҷаҳон дидан» (1957), «Аҷоиботи сафар» (1963) ва «Дар домани Офтоб» (1964; дар ҳамқаламии А. Одинсов)-аш дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буданд. Дар бораи устод Садриддин Айнӣ хотироти муассире эҷод кардааст, ки соли 1972 дар шакли китоби алоҳидаи «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман» ба дасти хонандагон расидааст. Ҷалол Икромӣ дар боби осори драмавӣ низ фаъолият доштааст. Бархе аз намунаҳои эҷодиёти ӯ ба забони русӣ ва дигар забонҳои халқҳои собиқ Шӯравӣ тарҷума шудаанд. Асарҳои драмавии ӯ борҳо саҳнагузорӣ шудаанд, ки «Душман» (1933), «Дили модар» (1934), «Тухми муҳаббат» (1937), «Хонаи Нодир» (1943 ҳамроҳи А. Файко), «Шаби 28-ум» (1946), «Ҷавоби муҳаббат» (1947), «Ситора» (1952), «Дохунда» (1954), «Дилҳои сӯзон» (1970), «Гарнизон таслим намешавад» (1975) ва ғ. аз он шумуланд. Мунтахаби чаҳорҷилдаи осораш дар давоми солҳои 1986-1993 ба табъ расидааст. Дар поёни солҳои 80 – ум китоби тозае навишт бо номи «Киллометри дувоздаҳум», ки ба ҳаводиси даҳаштбори соли 1937 бахшида шудааст. Дар таҳия ва нашри намунаҳои насри ривоятии ниёконамон (Ҳазору як шаб», «Чаҳор дарвеш») ва тарҷумаи осори нависандагони машҳури русу шӯравию хориҷӣ, монанди А.П. Чехов, М. Горкий, М. Шолохов, А. Толстой, А. Довженко, К. Чуковский, Бародарон Гримм, М. Авезов, Б. Корбобоев, Ю.Балтушис, Ю. Лебединский ҳиссаи сазовор гузоштааст. Сеҷилдаи осораш дар Маскав ба чоп расида, беҳтарин офаридаҳояш ба аксари забонҳои мардуми шӯравӣ, олмонӣ, чехӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудаанд. Соли 1964 барои романи «Духтари оташ» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст
Таҳқиқи эҷодиёти Икромӣ
Фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ пас аз панҷ – шаш соли ба ҷодаи адабиёт қадам гузоштанаш мавриди таваҷҷуҳи адабиётшиносон гардид ва нахустин тадқиқот метавон китобчаи дромнавис Ғанӣ Абдуллоро бо номи “Эҷодиёти Ҷалол Икромӣ” шинохт, ки соли 1934 таълиф гардидааст. Баъдан Ҷалол Икромӣ дохили “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” (қ. 2, 1957) гардидааст, ки ин бахшро профессор Шарифҷон Ҳусейнзода нигоштааст. Солҳои шаст адабиётшинос Бобо Худойдодов дар мавриди “Духтари оташ”–и Ҷалол Икромӣ рисолаи номзадӣ анҷом дод. Ба ҳамин тартиб, осори Ҷалол Икромӣ мавриди баҳси бархе аз мунтақидини Шӯравӣ шудааст, ки дар ин миён Г. Ломидзе, Соҳиб Табаров, Атахон Сайфуллоев, Ю. Бобоев, З. Г. Усмонова, М. Н. Пархоменко, М. Шукуров, Л. Демидчик ва амсоли ононро номбар кардан мумкин аст. Ба таҳқиқи осори Ҷалол Икромӣ солҳои 70–80 адабиётшиносон: Ҷ. Бақозода, А. Набиев, М. Раҷаб, Н. Салимов ва дигарон машғул шудаанд. Вале аз ҳама бештар осори Ҷалол Икромиро академик Муҳаммадҷон Шакурӣ баррасӣ кардааст.
Осор. Китоби НАҚЛИ Хаттӣ 1 -11 синф Дар бораи Баҳор
- 1927: ҳикояи «Шаб дар Регистан»;
- 1933: драмаи «Душман»;
- 1934: драмаи «Дили модар»;
- 1934: повести «Тирмор»;
- 1936: маҷмӯаҳои «Тирмор» ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?!»;
- 1937: мазҳакаи «Тухми муҳаббат»;
- 1940—1949: романи «Шодӣ» (қ. 1—2; тарҷума ба забони русӣ: 1950);
- 1950: дар саҳнаи театр намоишгузории ҳикояи «Духтари бечора»;
- 1954: дар саҳнаи театр намоишгузории романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ;
- 1957: романи «Ман гунаҳкорам»;
- 1957: романи «Тори анкабуд»;
- 1962: романи «Духтари оташ»; тарҷума ба забони русӣ: 1964);
- 1961—1974: трилогияи таърихии «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»;
- 1970: драмаи«Дилҳои сӯзон»;
- 1975: драмаи «Гарнизон таслим намешавад»;
- 1979: романи «Зоғҳои бадмур»;
- ??: романи «Хатлон»;
- ??: романи «Гули бодом аз Конибодом»;
- ??: романи «Киллометри дувоздаҳум»;
- 1986—1993: Ҷалол Икромӣ. Осори мунтахаб. Иборат аз 4 ҷилд.
Ҷоизаҳо
- дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1964);
- Нависандаи халқии Тоҷикистон (1979).