Ҷомеъ-ул-ҳикоёт (II)

Муаллиф: Муҳаммад Авфӣ
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 446
Соли нашр: 1981
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 29,5 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 92 нафар

Дар бораи китоб:

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз маҷмӯи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он ҷо-ҷо шеърҳои адиб мувофиқи мазмуни ҳикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводи ин асари бузург дар тӯли солҳои зиёд (аз соли 1210 то 1233 ) гирд оварда шуда, пасон эҷод гардидааст. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» на танҳо як асари адабист, балки дар дохили он ҳикоёту ривоёти таърихӣ доир ба хулафои араб, сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Салчуқиён, султонҳои Ҳинд, Ғазнавиён оварда шудаанд. Дар онҳо бо тарзи бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ин хонадонро дар зимни шахсиятҳои таърихӣ – шоҳон, ҳокимон, волиён, хулафои ислом ва ғайра ба қалам дода шудаанд.


Дар бораи муаллиф:

Нуриддин Муҳаммад Авфӣ ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ (таваллуд байни 1172 –1176, Бухоро – соли даргузашт номаълум) — тазкиранигор, насрнавис ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

Дар зодгоҳаш – Бухоро таҳсили ибтидоиро гузаронда, сипас ба омӯзиши илмҳои адаб, фиқҳ, ҳунари хаттотӣ ва ғайра машғул шуд. Солҳои 1201 – 1203 дар Самарқанд зиста, дар дарбори ҳокими ин шаҳр то ба мансаби соҳиби девони иншо расид. Авфӣ дар Самарқанд аз донишмандони замон Абубакри Насафӣ ва Шамсуддини Боқилонӣ сабақ гирифт. Соли 1203 ба сафар баромад. То соли 1219 дар шаҳрои Марв, Хоразм (1203), Ҳирот, Нисо (1206), Систон (1207), Нишопур (1210), Қазвин, Исфизор ва дигар ҷойҳо буду бош намуд, донишу таҷрибаи зиндагӣ андӯхт.

Фаъолияти эҷодӣ

Соли 1219 ба Бухоро баргашт. Дар охири соли 1221 ба Мовароуннаҳр муғулҳо ҳуҷум намуданд. Авфӣ бо мақсади раҳо ёфтан аз теғи муғул ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Дар вилояти Синд ба хидмати Носируддини Қубоча (ҳукумрони 1206 – 1228) дохил шуд; бо вазири ӯ Айнулмулук Фахруддин дӯстиву рафоқат пайдо намуд. Бо хоҳиши Айнулмулук дар байни солҳои 1221 – 1222 Авфӣ тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро навишт. Дар шаҳри Канбояти Ҳиндустон муддате қозӣ буд ва дар он ҷо соли 1223 асари Абуалии Танукӣ (асри 10) «ал-Фараҷ баъд уш-шидд»-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кард. Бо хоҳиши Носируддини Қубоча ба навиштани асари дигари худ «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» сар кард. Ҳокимияти Носируддин соли 1228 барҳам хӯрд ва Авфӣ дар қатори дигарон дарбориён ба ихтиёри ҳокими Деҳлӣ Шамсуддин Илтутмиш (ҳукмронӣ 1211 – 1236) афтод. Бо хоҳиши вазири ҳокими номбурда Низомулмулки Ҷунайдӣ навиштани «Ҷавомеъ-ул-ҳикоят»-ро идома дод ва онро соли 1233 ба итмом расонд. Инчунин Авфӣ дар пайравӣ ва вазни «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ «Мадоеҳ-ус-султон» ном маснавие навишта будааст, ки он то ҳол пайдо нагардидааст. Ду байт аз ин маснавӣ дар боби 12-уми «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» омадааст. Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти минбаъдаи Авфӣ дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ маълумоти дигар ба назар намерасад. Аз осори манзуми Авфӣ пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *