Ояти сабзи нигоҳ

Муаллиф: Искандари Раҳмон
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 90
Соли нашр: 2017
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 316 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 20 нафар

Дар бораи китоб:

Маҷмӯаи «Ояти сабзи нигоҳ» аз шеъру ғазал ва дубайтиву рубоиёти навини Искандари Раҳмон фароҳам омадааст. Муаллиф бо нияти гуфтани сухани тоза, офариниши тасвирҳои бикр, васфи ишқу зебоӣ, бозгӯии лаҳзаҳои зиндагӣ, ифшои розҳо забони хомаро ба гуфтор овардааст.


Дар бораи муаллиф:

Искандари Раҳмон 25 декабри соли 1970 дар рустои Хумгарони шаҳри Панҷакент, дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Баъди фароварди мактаби деҳааш соли 1986 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил мешавад. Ҳамзамон, узви маҳфили адабии «Бунафша»-и назди рӯзномаи «Зарафшон» буд. Соли 1990 Омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, донишҷӯйи факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мешавад. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Алъон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 83, деҳаи Хумгарон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, алифбои ниёгон дарс мегӯяд.

Аз овони наврасӣ машқи шеър мекунад. Навиштаҳояш дар нашрияҳои «Зарафшон», «Меҳнат», «Чашмаи меҳр», «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд»), «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), «Ба қуллаҳои дониш», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Паёми Душанбе», «Сомон», «Курер Таджикистана», «Чархи гардун», «Нури зиндагӣ», «Фараж», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», маҷаллаи адабии «Хуҷанд» (ҳоло «Паёми Суғд»), ҳамчунин китобҳои дастҷамъии «Бунафшаи Зарафшон» (Хуҷанд, 1991), «Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон» (Панҷакент, 1996), «Дуррату-л-воъизин» (Душанбе, 2007), «Ман намурдаам, ай дӯст» (Душанбе, 2008), «Рӯдакӣ дар шеъри муосири тоҷик» (Душанбе, 2008), «Таълимгоҳи бузургон» (Душанбе, 2010), «Гулчини ғазал» (Душанбе, 2010), «Гулшани ғазал» (Душанбе, 2011), «Истеъдод лутфи худовандист» (Душанбе, 2011), «Ҷӯйи шикаста» (Панҷакент, 2012), «Тазкираи Панҷакент» (Душанбе, 2015), «Ашъори дилпазир» (Душанбе, 2016), «25 гуфтор» (Душанбе.152 2016) «Наврӯзи Зарафшон» (Душанбе, 2017) ва ғайра чоп шуда.

Маҷмӯаҳои алоҳидааш – «Намози шабнам» (Душанбе, 1993), «Гулистони гӯё» (Панҷакент, 2001), «Қатраҳои ашки ғамсӯз» (Панҷакент, 2005), «Ҷоми ҳанӯз» (Душанбе, 2010), «Аз субҳ то чароғ» (Душанбе, 2013) ба дасти алоқамандони адабиёт расидаанд. Рӯзи 2 сентябри соли 2015 шеъри ӯ-«Бикӯшему некӣ ба кор оварем» дар озмуни байналмилалии «Фарҳанги ҳимоят» (Тоҷикистону Эрон) мақоми дуввумро дарёфт карда буд.

9 сентябри соли 2016 озмуни шеър бахшида ба пирӯзии гурзпартои беҳамто, фарзанди миллати тоҷик, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-деЖанейрои Бразилия Дилшод Назаров ҷамъбаст шуд. Ҳайати доварон шеъри шоир ва омӯзгор Искандари Раҳмонро сазовори ҷойи аввал донистанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *