Дар бораи китоб:
Асарҳои «Одина» ва «Мактаби куҳна»-и Садриддин Айнӣ таҷассумгари ҳаёти пурмашаққату тоқатфарсои наврасон ва тарзи таълиму тадрис дар мактабҳои пешин мебошанд. Нависанда, ки худ он рӯзгоронро аз сар гузаронида буд, воқеаву моҷароҳои дидаву шунидаашро воқеъбинонаву хотирнишин инъикос намудааст.
Мутолиаи ин асарҳо дар тарбияи ахлоқиву хештаншиносии насли ҷавон ва арҷ гузоштан ба рӯзгори саодатбори имрӯз нақши нек мегузорад.