Одамушуаро  Рӯдакӣ

Муаллиф: Аълохон Афсаҳзод
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 312
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,40 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 256 нафар

Дар бораи китоб:

Дар ин рисолаи муфассалу мудаллали бунёдӣ, ки вопасин асари пурарзиши тадқиқотии ховаршиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод (1935-1999) дар соҳаи таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва фарогирандатарин куросае дар Рӯдакишиносии ҷаҳон мебошад, муҳимтарину ҳассостарин масъалаҳои алоқаманди муҳити пурпечутоби зиндагӣ, ҷараёни рӯзгори нотакрору фоҷиъасори шахсӣ ва эҷодиёти пурбаракату мондагори Поягузори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) мавриди баррасии ҷиддии илмӣ қарор дода шудаанд.

Аз ин муҳити аъзам тойифаи гуногуни хонандагону донишмандон ва алоқамандону мухлисони осори хушгувори Падари шеъри форсии тоҷикӣ метавонанд дурри матлуби мавъазату маъонӣ ба каф оварда, ҷаҳони бекарони густардадоманашро бештару беҳтар аз пештар сайру муроқабат кунанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *