Оҳангҳои Самарқанд

Муаллиф: Адаш Истад
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 156
Соли нашр: 2007
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,57 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 9 нафар

 


Дар бораи муаллиф:

Адаш Истад (Истадов) — нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 1990. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975) ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

Адаш Истад (Истадов) 7 сентябри соли 1946 дар деҳаи Ӯташиқи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Соли 1964 ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда онро соли 1969 хатм мекунад. Фаъолияти рӯзноманигориро А. Истад соли 1969 дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриятии «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ шурӯъ кардааст. Сипас ӯ дар идораи рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (сипас он «Адабиёт ва санъат» ном гирифт), идораи радиои Тоҷикистон дар шӯъбаҳои гуногун адои вазифа мекунад. Адаш Истад соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш ӯ ба мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.

А. Истад то соли 1993 дар идораи ҳафтаномаи адабии «Адабиёт ва санъат» ба сифати муовини сардабир адои вазифа мекард. Ӯ соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи «Овози Самарқанд» дар вазифаи мудири шуъбаи маънавиёт ва баъд дар рӯзномаи «Овози тоҷик» паёмнигори вилоятӣ гардид. А. Истад ҳоло бознишаста буда дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанди Ӯзбекистон умр ба сар мебарад ва бо корҳои эҷодӣ машғул аст.[1]

Моҳи феврали соли 2008 Веб-блоги худ «Герби шердор»-ро таъсис намуд, ки дар он шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳояшро мегузорад.

Эҷодиёт

Рӯзноманигорӣ, кор дар идораҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, радио машғулияти асосии А.Истад аст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. Агар дар мақолаи «Анъанаи нек куҷост?» («Адабиёт ва санъат», 11 августи с.1988) ӯ дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ ҳарф занад, «Номҳо — нишони маърифат» («Адабиёт ва санъат», 8 декабри соли 1988) дар бораи суннати номгузории миллӣ баҳс мекунад. Вале мақолаҳои дигари ӯ чун «Забони миллат — пояи миллат» («Комсомоли Тоҷикистон», 7 декабри соли 1988), «Хоҷа Аҳрор кӣ буд?» (“Тоҷикистони советӣ «, 27 ноябри соли 1988), „Расмулхати бобоӣ — нури басари моӣ!“ (Адабиёт ва санъат», 2 ноябри соли 1989), «Миллати тоҷикро тақсим накунед!» («Адабиёт ва санъат», 5 августи соли 1991), «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шуда буданд.

Асосан рӯ овардани адиб ба масъалаҳои тунду тези эҳёи фарҳанги миллӣ аз чопи мақолаи ӯ «Интернационализм аз чӣ сар мешавад?» («Адабиёт ва санъат», 28 маи соли 1987) оғоз ёфт, ки барои он муалиф ба танқиди доимии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон П.Лучинский дучор шуда буд. Аммо бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, ки аллакай оғоз ёфта буд, ба адиб имкон медод, ки масъалаҳои доғи ҷомеаро чун солҳои собиқ дар ҳикояҳои фантастикӣ нею ба воситаи мақолаҳ ои рӯшодгӯёнаи публисистӣ ифода кунад.

Ӯ радиопйесаеро бо номи «Таркиш» навишт, ки он дар хазинаи радиои тоҷик ҳамчун аввалин пйесаи махсус барои радио ба тоҷикӣ навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Ҳикояҳои илмӣ — хаёлии А. Истад аз соли 1966 ин ҷониб чоп мешаванд. Маҷмӯаҳои ӯ «Мавҷи хаёлот»(1970), «Суруди офтоб» (1974), «Замир»(1978), «Дарахти пахтачормағз» (1981), «Баъди ҳазор сол» (1988) ҳикояҳои дар жанри илмӣ — фантастикӣ навиштаи ӯро дар бар гирифтаанд.[2]

А. Истад барои бачаҳо афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ӯро ривоятҳои мардумие ташкил додаанд, ки худ аз мардуми Самарқанд солҳ ои гуногун шунидааст. Чунин афсонаҳои адабӣ дар маҷмӯаҳои ӯ «Парвози меъмор» (1985) ва «Чароғи сеҳрнок» (1989) чоп шудаанд.

А. Истад дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмудааст. Силсилаи ҳикояҳои таърихии (маҷмӯаҳои) «Борбад» (ба заб.русӣ) ва «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990)-и ӯ аз рӯзгори мусиқори бузурги Осиёи Марказӣ Борбади Марвазӣ нақл мекунад ва дар шакли китоб ба забонҳ ои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нави насру назми ӯ соли 2008 бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Душанбе чоп шуд.

А. Истад муаллифи бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак», маҷаллаи адабии «Садои Шарқ», рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар нашрияҳо рӯи чопро дидаанд. Соли 1989 Адаш Истад дар маҷаллаҳои «Чашма» ва «Родник» барои хурдтаракон як силсилаи ҳикояҳоро ба табъ расонид, ки онҳо «Саргузашти Нахӯдак» номида шудаанд. Дар ин ҳикояҳо қаҳрамони афсонаҳои халқии тоҷикӣ Нахӯдак симои замонавӣ пайдо карда ба як персонажи барои хурдтаракон шавқовар ва ибратомӯз табдил меёбад. Ин асарҳо давоми сабки афсонабофии бадеии ӯст, ки дар маҷмӯаҳои афсонаҳои ӯ равшан зоҳир шудаанд.

Ҳикояҳои Адаш Истад ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Адаш Истад низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳафт ҳикояи хаёлӣ ва фалсафии А.Истад ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Вселенское время» (нашриёти «Адиб» Душанбе , 1988) дар тарҷумаи Л. Синицина, М. Табачников ва В. Чередниченко ба табъ расидаанд.

Эҷодиёт дар Самарқанд

Зинаи нави эҷодиёти адиб баъди бозгашти ӯ ба Самарқанд соли 1993 оғоз меёбад. Дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» соли 1994 паи ҳам ҳикояҳои «Домоди якрӯза», «Кӣ чӣ мехонад?», «Иқтисоди бозор дар оила», «Рӯзи охирин» (дар бораи Мирзо Улуғбек), «Санги сарнавишт» чоп шуданд ки аз ҷониби аҳли адабу фарҳанг баҳои баланде гирифт. Дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» (25 октябри соли 1994) ба ин ҳикоя тақризи доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев чоп шудааст. Ин ҳикояро баъд рӯзномаи «Овози тоҷик» (29 апрели соли 1995) ва рӯзномаи вилоятии Самарқанд «Зарафшон» (10 сентябри соли 1995 ба забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Ҷамол Сироҷиддин) ба табъ расониданд. Соли 1995 А. Истад дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» ҳикояҳои «Нардбони Ҳоҷа», «Даҳшатқул», «Мазори деҳаи Муғон» ва «Пир дар осмон»-ро ба табъ расонид, ки як тарзи инъикоси бадеии қишри рӯҳонии ҳаёти маънавии Самарқанд аст. А. Истад муаллифи мазҳакаҳои «Хӯса» (1995) ва «Шайтонпарӣ» (1996) низ мебошад. Театр-студияи «Овози Самарқанд» мазҳакаи «Хӯса»-ро соли 1995 дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар Самарқанд ба саҳна гузошт. Аз соли 1996 то соли 1999 дар эҷоди А. Истад таваққуф мушоҳида мешавад. Рӯзгори нобасомон имкон намедиҳад, ки ӯ чизе эҷод кунад. Моҳи марти соли 1999 афсонаҳои нави ӯ «Зарчашма», «Мӯр ва Пуффак» дар рӯзномаҳои ӯзбекистон ва як сол пас дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ба табъ расиданд. Сипас соли 2001-ум ҳикояи «Моҳе, ки дар зери кӯрпа мастур монд» дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид, ки нишонаи содиқ мондани ӯ ба афсонагӯист. Дар авохири соли 2003 А. Истад ба назм рӯ овард ва қасидаи ба академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бахшидаи ӯ «Самарқанду Бухоро» дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид. Сипас ба шеъри нав таваҷҷӯҳи ӯ меафзояд ва «Ҳавзи Хоҷаи Аҳрор» ва силсилаи «Шеърҳо аз замони мозии Самарқанд» эҷод мешаванд. Сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов дар сарсухани ин силсила иброз доштааст: «Шеъри озод имкон додааст, ки Адаш Истад ба мавзӯи Самарқанд мушаххасан муроҷиат кунад ва образҳои тоза биофарад.»

Адаш Истад солҳои охир оид ба таърихи шаҳри Самарқанд зиёда аз 50 мақолаҳои илмию — оммавӣ навишт, ки онҳо дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва сайти интернети Samarkandinfo.uz ба таб расиданд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *