Номи ман Сурх аст

Муаллиф: Орҳан Памук
Мутарҷим: Муҳаммадшариф Рустамзода
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 616
Соли нашр: 2017
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 3,50 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 25 нафар

Дар бораи китоб:

Орҳан Памук нависандаи маъруфи Туркия, барандаи чандин ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, Ҷоизаи адабии Нобел дар соли 2006 мебошад. Романи «Номи ман Сурх аст» яке аз асарҳои машҳури ӯ ба ҳисоб рафта, аз давраи гулгулшукуфӣ ва таназзули ҳунари рассомии Туркияи усмонӣ дар охири асри XVI нақл мекунад ва бисёр рӯйдодҳои таърихию сиёсӣ ва ҳунарии Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказиро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, барои хонандаи тоҷик хеле завқбахш аст.


Дар бораи муаллиф:

Нависандаи маъруфи турк ва ҷаҳон Орҳан Памук соли 1952 дар шаҳри Истанбул таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёнаи усули амрикоӣ бо нишондоди падараш, ки муҳандис буд, ба факултаи меъмории Донишгоҳи техникӣ дохил шуда, онро ба охир нарасонда, ба факултаи журналистӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд ва ба корҳои адабиву рӯзноманигорӣ пардохт. Аммо муҳим он аст, ки аз кӯдакӣ ба ҳунари рассомӣ шавқ дошта, ҳашт сол расмкашӣ ҳам кардааст ва то имрӯз меҳри расму наққошӣ аз дилаш нарафтааст. Омӯзиши беш аз чилсолаи ин ҳунар ӯро ба навиштани романи «Номи ман Сурх аст» ҳидоят намуд ва он ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва яке аз аввалинҳо шуда дар байни адибони Туркия соҳиби Ҷоизаи адабии Нобел гардид.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *