Дар бораи китоб:
«Номае аз роҳ» маҷмӯаи дуюмини шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сафар Абдураҳим аст, ки фарогири дубайтиҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи ӯ мебошад.
Дар бораи муаллиф:
Сафар Абдураҳим 31-уми августи соли 1991 дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Хатмкардаи МТМУ №61-и зодгоҳаш (1998-2009) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (2009-2013) мебошад. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш соли 2016 бо номи «Сафинаи сафар» чоп шудааст. Соли 2021 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.