Найнома

Муаллиф: Хайриддин Хайрандеш
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 128
Соли нашр: 2019
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 467 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 23 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Найнома» бардоштҳои шоир аз сафараш ба кишвари Туркия буда, дар он табиати зебо, мавзеъҳои таърихӣ, муносибати неку самимӣ ва расму анъанаҳои миллии мардумонаш хеле равшану хотирмон тасвир гардидаанд. Сафари шоир ба ин кишвари зебоманзар аз 27-уми ноябр то 7-уми декабри соли 2018 идома дошт.

Боварӣ дорем, Шумо, хонандаи азиз, аз мутолиаи китоби тозаҷӯоди шоир барои худ таассуроти нек мебардоред.


Дар бораи муаллиф:

ХАЙРАНДЕШ (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳозира Шӯрообод) таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро то синфи нуҳум дар зодгоҳаш гирифта, як соли охир дар мактаби миёнаи №30 ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Бохтар) таҳсил ва соли 1979 хатмаш кардааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили адабии Хонаи пионерони шаҳри Қӯрғонтеппа будааст. Соли 1978 донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1983 соҳиби диплом гардидааст. Сипас, то соли 1993, дар мактаби миёнаи №40 ноҳияи Кӯлоб омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, баъдан, то соли 1999, инспектори калони Маркази иттилоотии Раёсати гумруки вилояти Хатлон будааст. Соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, вазифаи директории онро бар уҳда доштааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Сипас дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият бурда аст.

Соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб, соли 1993 дар Қӯрғонтеппа, соли 2012 дар Душанбе маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-ро таъсис дода, дар тарбияи соҳибистеъдодони ҷавон ҳиссаи шоиста мегузорад.

Бо дастгирии Ҳукумати вилояти Хатлон моҳномаи адабии «Гулбарг»-ро таъсис додааст, ки то имрӯз минбари асосии қаламкашони вилоят мебошад.

Муаллифи асари «Хайробод» мебошад, ки китоби якумаш соли 2005 дар Эрон, китоби дувумаш соли 2004 дар Тоҷикистон интишор ёфтааст. Инчунин, муаллифи маҷмӯаҳои «Зиёратнома» (1993), «Сад қатра ашк» (1994), «Замзама» (1996), «Хайробод» (2004), «Тоҷикнома» (2006), «Чархофалак» (китобҳои 1-4; 2006-2007), «Ғазалпайванд» (китобҳои 1,2; 2007) ва «Куллиёт» (ҷ.1, 2010) мебошад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *