Мусоҳиби офтоб

Муаллиф:  Раънои Мубориз
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 122
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,23 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 27 нафар

Дар бораи китоб:

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.


Дар бораи муаллиф:

Раънои Мубориз — журналист, шоира, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).

Зиндагинома

Раънои Мубориз (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шуъбаи ИНТ дар Бадахшон ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» будааст. Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъйин шудааст. Солиёне чанд ба сифати сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» фаъолият доштааст. Феълан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси мудири шуъба кор мекунад. Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Аз солҳои донишҷӯӣ ба шеърнависӣ пардохта, намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи «Гаҳвораи сангин» (1992), «Навои найсон», (2004), «Садбарги кӯҳӣ», (2005), «Мусоҳиби офтоб» (2010) ва «Лаъли Бадахшон» (2015) чоп шудаанд. Намунаҳое аз чакидаҳои хомаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ ва инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013);
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
  • Медали «Хизмати шоиста».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *