Мунтахабот

Муаллиф: Файз Алам
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 224
Соли нашр: 2008
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,21 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 35 нафар

 


Дар бораи китоб:

Мунтахаботи шоири охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ Файз Алам (Аламӣ) аз ғазалу рубоӣ ва мухаммасу маснавӣ иборат буда, мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиату ҳаёти иҷтимоии замони шоирро дар бар гирифтааст.

Аз мутолиаи мунтахабот ба мухлисони каломи бадеъ хуб аён хоҳад гашт, ки Алам яке аз шоирони тавонои замони худ буда, дар иншои аксар жанрҳои назмии адабиёт даст доштааст.


Дар бораи муаллиф:

Эшони Файз – Аламӣ дар деҳаи Шохандози Дуоби ноҳияи Мӯъминобод зиндагӣ мекард. Ӯ марде буд хушқаду қомат, сиёҳчашму сафедрӯй, тануманд . Абрувони пайваста, бинии баланд ва табассуми латиф дошт. Хулқу атвораш низ зебо буд. Вақте ки шоирро гӯш мекардед, ба назар чунин мерасид, ки гӯё ҳар калимаро дар тарозуи ақл бар мекашида бошад. Нақлу ривоятҳои зиёду аҷиб медонист. Вақти сӯҳбаташ касе сухане ба миён намеовард. Бо ҳар кас зуд забон меёфт. Барои ӯ фарқ надошт ҳамсӯҳбаташ кист, хурд ё калон, худӣ ё бегона. Бо як дидан чунон муносибат мекард, ки гӯё сад сол боз ӯро мешинохта бошад….


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *