Дар бораи китоб:
Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад. Достонҳои мазкур бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудаанд ва дорои аҳамияти бузурги ахлоқиву маънавӣ мебошанд.
Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон нашр мегардад.