Дар бораи китоб:
Ин китоб ба силсилаи «Ахтарони адаб» мансуб буда, дар он Мунтахаби осори Убайди Зоконӣ ва Мунтахаби ашъори Носири Бухороӣ фароҳам омадааст.
Носири Бухороӣ
Дар тазкира ва китобҳои таърихи бо номи Шох Носир ва Дарвеш Носири Бухорои низ омадааст. Вай аз дӯстони Салмони Совачист (1300–1376) ва аз муосири Султон Увайси Чалоир буда, чанд қасида ба номи ин ҳоким низ дорад. Навиштаанд, ки Носири Бухорои бо Салмони Совачи мушоира доштааст. Боре Салмон барои табъозмоии Носир мисраи зерро гуфтааст:
Даҷларо имсол рафтори ачаб мастона буд.
Носир фавран ба такмили ин мисраъ фармудааст.
Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона буд?
Соли таваллуд ва вафоти Носири Бухороиро хеч як сарчашмаҳои муътамад зикр накардаанд. Дар бораи ҷараёни зиндагиаш низ хеч гуна санади пуррае дар даст надорем. Вале аз ашъори худи ӯ маълум мешавад, ки пас аз тахсили илм ва ба сафар баромада бештарин шаҳрҳои Хуросон ва Шерозро саёхат кардааст. Дар зиндаги фақир ва шахси қаноатпешае будааст.
Носири Бухорои ғазал ва қасидохояшро дар сабки суханварони Ироқ некӯ ва устодона сурудааст.
Устод Саид Нафиси миқдори ашъори вайро 4000 байт гуфтааст. Вале аз қуллиёти комили Носир, ки мавчуд аст, ошкор мегардад, ки тақрибан дорои 7000 байт мебошад. Куллиёти шоир, ба ғайр аз қасида ва ғазалиёт, як маснавии орифонае низ дорад, ки «Ҳидоятнома» унвон кардааст.
Соли даргузашти Носири Бухороиро Соми дар «Ќомусулаълом» 776 ҳиҷрӣ (1374 мелодӣ), вале Саиди Нафисӣ 773 ҳиҷрӣ (1371 мелодӣ) қайд кардаанд.