Мунозара

Муаллиф: Абдуррауфи Фитрат
Ношир: «?»
Саҳифа: 55
Соли нашр:
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 10,8 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 16 нафар

Дар бораи муаллиф:

Абдуррауфи Фитрат (ӯзбакӣ: Abdurauf Fitrat; 1885, Бухоро — 5.10.1938, Тошканд) — сиёсатмадор, маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ, рӯзноманигор ва нависанда.

Зиндагинома

Абдуррауф Фитрат соли 1886 дар гузари Дастархончии Фитрат шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падари Фитрат – Абдурраҳим чун шахси тақводору маърифатманд писарашро барвақт ба мактаб дод ва соли 1899 ӯро ба мадрасаи Мири Араб гузошт. Фитрат аз овони наврасӣ ба осори Фирдавсиву Мирзо Бедил майлу рағбат пайдо кард. Ба таъбири устод Айнӣ, «Фитрат аз талабагони истеъдодноку аз ҳама фозили Бухоро ба шумор мерафт». Абдуррауфи Фитрат аз оғози ҷунбишҳои равшанфикрон худро бо онҳо пайваст. Ӯ соли 1910 мадрасаро тарк гуфта, роҳи Истамбулро пеш гирифт ва он ҷо таҳсилро дар мадрасаи «Воизян» идома дод. Фитрат соли 1914 аз Туркия ба ватан баргашт ва дар Бухоро чун нависанда ва ислоҳотхоҳ фаъолияти адабӣ ва инқилобиашро давом дод. Умуман, мақоми пешазинқилобии Фитрат дар таърихи адабиёти нави тоҷик ҳамчун маорифпарвар назаррас мебошад. Баъд аз инқилоби Октябр, азбаски ҳукумати шӯроҳо дар Бухоро бо номи ӯзбек таъсис ёфт, баъзе аз адибони тоҷик ё хомӯш монданд, ё асарҳои хешро ба забони ӯзбекӣ навиштанд, ки дар ин ҷумла Фитрат ҳам буд. Фитрат, махсусан, солҳои 1918 – 1924, ки дар вазифаҳои маъмурӣ кор мекард, ба бисёр хатоҳои сиёсӣ ва миллӣ роҳ додааст. Охирҳои умри Фитрат дар Тошканд гузаштааст. Адиб соли мудҳиши 1937 ҳабс шуда, соли 1938 дар маҳкамаи Тошканд парронда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *