Мӯҳри гули мино

Муаллиф: Фарзона
Ношир: «Ношир»
Саҳифа: 400
Соли нашр: 2006
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 9,89 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 532 нафар

Дар бораи китоб:
    • Дуи дубора ба дунё салом мегӯям,
      Ба офтобу ба дарё салом мегӯям!
      Дилам чу ҳуҷҷати сурхи баҳор пеши шумост.
      Ба мӯҳри он гули мино салом мегӯям!
      Баҳортар зи баҳорам миёни чиллаи дай,
      Ба ғунча – ғунча таманно салом мегӯям!

Ин порае аз як шеъри Фарзона – шоираи тоҷик аз маҷмӯъаи нави ашъори ӯст. Фарзона унвони ин китоби тозаи худро аз ҳамин шеъраш интихоб кардааст: «Мӯҳри гули мино».

Беш аз 300 шеър ва 180 рубоиву дубайтии ин китоби ашъор ба гунае тафсири маънии ҳамин мӯҳри гули ҷовидонии ишқу меҳр ва нуру хуршед аст. Фарзона мегӯяд, то ҷаҳон ва шеъру хонандаи шеъре ҳаст, аз ин ҷону рӯҳи шоир ба гуфтани шеъри нав таҳрик меёбад:

«Хушбахт нафарест, ки китоби ӯро дигарон китоби дили худ, дастури ҷону рӯҳи худ пазиранд. Барои дигарон арзишу мӯҳтавое дошта бошад ва радифу муродифи ҳамешагӣ бошад. Аммо ман ҳанӯз дар миёни ин хушбахтон қарор надорам. Вале медонам, ки як – ду нафаре ҳаст дар ин олам, ки ба ҳамин шеърҳо ниёз дорад ва будани ин хонанда дили маро гарм мекунад. Будани як хонанда маро ба олам, ба шеър, ба романтика, ба баҳор, ба ҳар чизи отифӣ ва дар маҷмӯъ, ба кулли зиндагӣ ва ишқ пайванд медиҳад.»

Аммо паёми Фарзона ба Олам ва Инсон ба василаи Шеър аст, шеъре рӯшан, мисли амвоҷи хуршед. Нурмуҳаммад Ниёзӣ – шоири тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон одамон ҳатто ба рӯшании зоҳирӣ ниёз доранд, бахусус, дар шабҳои дароз ва тираву тори зимистон дар пайи надоштани барқу газ дар утоқҳои зисти худ, ҳамагон бештар дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ меандешанд. Аммо дар ин ҳол, шеъри Фарзона ба қалбу рӯҳи одамон нуру рӯшноии маънавӣ, умед ва боварӣ ба фардо ворид мекунад.

Ин маҷмӯъа бо сарпарастии намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон бо теъдоди як ҳазор нусха дар матбаъаи «Ношир» – и Хуҷанд ба нашр расидааст. Дар таърихи 20 – уми сентябри 2006 дар дафтари Бунёди мазкур дар Хуҷанд маҳфили муаррифии ин китоби Фарзона бо иштироки адибону донишмандон ва дӯстдорони шеър баргузор гардид.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *