Моҳи хасрав (маҷмӯаи шеърҳо)

Муаллиф: Алимуҳаммад Муродӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 176
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,46 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 52 нафар

 


Дар бораи китоб:

«Моҳи хасрав» китоби нави шоири дардошнову рангинхаёл Алимуҳаммад Муродӣ буда, як навъ ҷамъбасти роҳи эҷодии ӯст. Дар ин маҷмӯа шеърҳои солҳои гуногун эҷодшудаи шоир гирдоварӣ шудаанд. Умед аст «Моҳи хасрав» писанди хонандаи закиву серталаб хоҳад гардид.


Дар бораи муаллиф:

Алимуҳаммад Муродӣ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омада, соҳиби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.

Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон гардидааст.

Соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Имсол, дар синни 75-солагӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

 


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *