Моҷарои зиндагӣ

Муаллиф: Кароматуллоҳи Мирзо
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 272
Соли нашр: 2017
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  М2,60б
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 7 нафар

Дар бораи китоб:

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо яке аз адибони сермаҳсул ва серхонанда аст. Аз рӯи қиссаю ҳикоя, романҳояш «Дарди ишқ», «Нишони зиндагӣ», «Меҳри модар», «Дар орзуи падар», «Марги бегуноҳ» филм ва силсилафилмҳо офаридаанд, ки шуҳрати ӯро афзудаанд. Дар китоби «Моҷарои зиндагӣ» дар баробари романи нави «Моҷарои зиндагӣ» қиссаи «Ситораҳои паси абр» ва як силсила ҳикояву хотираҳои ба тозагӣ офаридаи нависанда оварда шудаанд. Ба ақидаи Кароматуллоҳи Мирзо зиндагӣ пури моҷаро. Барои ҳамин ҳам романро «Моҷарои зиндагӣ» номидааст. Моҷаро аз нафси бад, аз бахилӣ, аз баҳри пулу мол, аз барои замин, аз якдигарбадбинӣ, аз олам-олам ваҷҳу сабабҳо. Инсонҳо моҷароҷӯ. Аммо аз моҷароҳо ҳаргиз нафъе не. Дар роман зиёни моҷароҳо, марговар будани онҳо ба тасвир омадаанд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *