Мероси дил

Муаллиф: Мастон Шералӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 192
Соли нашр: 2005
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 550 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 33 нафар

Дар бораи китоб:

Мастон Шералӣ аз шоирони навҷӯ ва навпардоз буд. «Мероси дил» гулчини ашъор буда, дар он беҳтарин навиштаҳои шоир ҷой дода шудаанд. Китоб ба муносибати 70-солагии суханвари зиндаёд Мастон Шералӣ нашр мешавад.


Дар бораи муаллиф:

Мастон Шералӣ (20 апрели 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент — 1987) — шоир, дромнавис ва мутарҷими тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964).

Зиндагинома

Мастон Шералӣ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Соли 1950 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Солиёне корманди адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи Нашриёти «Ирфон» буд.

Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Эҷодиёт

Асарҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми қарни 20 чоп шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд. Муаллифи китоби ашъори «Мавҷи Зарафшон» (1964), “Илҳом” (1969), «Реша дар об» (1970), «Ситора» (1972), «Ташнагӣ» (1975), «Суруди роҳ» (1983), «Ихлос» (1986) ва ғайра мебошад, ки ба туфайли забони суфтаву пухта, образҳои хотирнишин, банду басти қавӣ ва шеърияти баландашон мақоми ӯро дар адабиёти шӯравии тоҷик шоиста гардондаанд.

Иддае аз ашъорашро суруду таронавор мехонанду месароянду лаззату ҳаловати эстетикӣ мебардоранд.

Китоби шеърҳои ба русӣ тарҷумашудаи ӯ «Жажда» соли 1981 дар Маскав ба чоп расидааст. Драмаҳои «Золу Рудоба», «Зебуннисо», «Тоҳиру Зуҳро» ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар чанде аз театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Китоби шеърҳои В. Сосюра, Р. Ҳамзатов, А. Кешоков, Д. Кугултинов, Ш. Петефи, «Домод»-и А. С. Пушкин, достонҳои Ю. М. Лермонтов, шеъру таронаҳои алоҳидаи Т. Лорка ва П. Нерударо ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба чанд забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.

Даргузашт

Мастон Шералӣ соли 1987 аз олам даргузашт.

Гиромидошт

Ба поси хотири шоир мактабе ба номи Мастон Шералӣ ва нимпайкара дар зодгоҳаш – деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Панҷакент гузошта шудааст.

Осор

  • Мастон Шералӣ. Мероси дил. Шеърҳо. — Душанбе: «Адиб», 2005. 192 саҳ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *