Меҳру муштарӣ

Муаллиф: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 320
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,21 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 119 нафар

Дар бораи китоб:

Маҷмӯаи мақолаҳои мазкур заҳамоти адабиётшиносии муаллифро дар бар гирифта, он ба паҳлӯҳои норавшани адабиёти классикии форс-тоҷик ва аз нигоҳи имрӯз равшанӣ андохтан ба иддае аз онҳо бахшида шудааст. Баҳсҳои муаллиф дар атрофи матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва мушкилоти он, одоб ва ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома», баҳодиҳии илмӣ ба рӯзгору осори Асадии Тӯсӣ, андешаҳо атрофи осори Аттори Нишопурӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ ва Навоӣ, таҳқиқи тоза доир ба Мазмуни Зарободӣ, Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Аллома Иқболи Лоҳурӣ аз он ҷумлаанд. Китоб барои омӯзишу пажӯҳиши адабиёти классикии форс-тоҷик, ҳам ба доираи васеъи хонандагон, ҳам ба муҳаққиқони ватаниву хориҷии соҳа, ҳам барои устодони адабиётшинос ва ҳам барои донишҷӯёни бахши забону адабиёт ва шарқшиносӣ аҳамияти вижа дорад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *