МАСНАВИИ МАЪНАВӢ (5-6)

Муаллиф: Ҷалолуддин Балхӣ
Ношир: Адиб
Саҳифа: 478
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,95 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 85 нафар

 


Дар бораи муаллиф:

      Ӯ Ҷалолуддин Муҳаммад (эзоҳ:дар асар бо номи Ҷалолуддин зикр ёфтааст) ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз мавоизи ӯ ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади тадрису фатво бо муридону дӯстони бисёр дошт ва ӯро Султон-ул-уламо низ мехонданд. Балх дар он замон ҷузви қаламрави фармонравоии Хоразмшоҳ буд ва Баҳои Валад дар он ҷо ба ҳурмату ҳишмат (шукӯҳу ҷалол) мезист. Аммо аз Хоразмшоҳ ранҷише ёфт, ки сабаби он дуруст маълум нест. Шояд вуҷуди имом Фахри Розӣ, як воизи дигар, ки бо сӯфия миёнае надошт ва шоҳ бад-ӯ дил баста буд, вайро аз ӯ озурдахотир дошта буд. Ва шояд низ бад-он ҷиҳат, ки султони Хоразм бо халифаи Бағдод дил бад карда буд, Баҳои Валад мисли бисёре дигар аз мусалмонони вақт аз вай ранҷида буд. Дар ҳар ҳол, воизи Балх ҳангоме ки писараш Ҷалолуддин кӯдаки хурдсол буд, аз Балх берун омад. Чанде дар ҳудуди Вахшу Самарқанд мебуд, он гоҳ азимати ҳаҷ кард. Аз роҳи Нишопуру Бағдод ба Ҳиҷоз рафт ва дар бозгашт аз Макка якчанд муддат ба Шом шуд. Ҳангоме ки Хоразму Мовароуннаҳр ба дасти муғул афтода буд ва Хоразмшоҳ саргаштаву дар ба дар аз пеши сипоҳи душман мегурехт, Баҳои Валад дар Арзинҷон ва Сивос (шаҳре дар Рум) ба Осиёи Сағир буд. Чанд соле низ дар он шаҳр ва Лоранда ба сар бурд ва дар ин замон писараш Ҷалолуддин бешу кам ҳаждаҳсола буд. Дар муддати иқомат дар Лоранда буд, ки модари Ҷалолуддин — Муъминахотун вафот ёфт ва Ҷалолуддин ҳам ба ишорати падар Гавҳархотун — духтари Шарафуддини Лолоро ба занӣ гирифт. Чаҳор соле баъд аз ин воқеа Баҳои Валад ба хоҳиши султони салчуқии Рум Алоуддини Кайқубод раҳ ба Қуния кашид ва он ҷо монд то ду соле баъд, ки ҳам дар Қуния вафот ёфт. Ҳангоми вафоти падар Ҷалолуддин, ки ҷавони бисту чаҳорсола буд, ба хоҳиши муридон маснади тадрису минбари вазъи Баҳои Валадро ишғол кард ва ба ҷои падар нишаст. Як соле аз вафоти Баҳои Валад гузашта буд, ки Бурҳони Муҳаққиқ — Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, аз муридони қадим ба шавқи дидори Шайх ва устоди хеш ба Қуния омад. Аммо устод мурда буд ва писараш Ҷалолуддин, ки худ маснади тадрису фатво дошт, дасти иродат ба вай, ба ин шогирду муриди падар дод ва Сайид Муҳаққиқ Ҷалолуддини ҷавонро таҳти иршоду тарбияти хеш гирифт. Чанде ӯро ба Ҳалабу Димишқ фиристод ва андак-андак бо маорифи сӯфия ошноии тамом дод. Баъд аз марги Бурҳони Муҳаққиқ, ки зоҳиран ба соли 638 рӯй дод, Ҷалолуддин якчанд аз суҳбати пире маҳрум монд. Муридон бар вай ҷӯшиданд ва ҳавзаи вазъу тадриси ӯ равнақе ёфт. То соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурӯшон хона гирифта буд. Достони бархӯрди ӯ бо Ҷалолиддин, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷуҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ӯ ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ӯст, Мавлоноро чунон маҷзуб кард, ки кори дӯстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард. Дар ҳақиқат, аз сӯҳбати ин дарвеши шӯридаи бесомон чунон инқилобе дар вуҷуди Мавлоно падид омад, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод ва ба тарки маснади тадрису фатво гуфт. Соатҳову рӯзҳо бо Шамс хилват мекард ва ба ҷои намозу рӯзаву ваъз ба самоъу рақсу ваҷд мепардохт ва бад-ин гуна аз шайху шайхзодаи Қуния ҷуз дарвеше шӯридаву беором намонд. Ин амр сабаби хашму норизоии муридони Мавлоно гашт. Муриду муродро сарзанишҳо карданд ва махсусан, Шамсро ҷодугар хонданду таҳдид карданд. Шамс ночор чанде аз Қуния ғайбат кард ва ба Димишқ рафт. Мавлоно як писари хеш — Султон Валадро дар паи ӯ фиристод ва ӯро ба Қуния боз овард. Аммо ин таҷдиди суҳбат тӯле накашид ва Шамс ба ногоҳ боз нопадид шуд. Баъдҳо шоеъае падид омад, ки Шамс ба дасти муридони Мавлавӣ кушта шуд. Гуфта шуд, ки Алоуддин — писари дигари Мавлоно низ дар ин тавтиа дасте дошт. Аммо ин шоеъа дар осори Мавлавӣ мунъакис нест. Мегӯянд ин воқеаро аз Мавлоно пинҳон доштанд ва ӯ ба ҳамин ҷиҳат то поёни умр аз дидори Шамс навмед нашуд ва ду бор низ ба талаби ӯ азимати Шом кард. Ва албатта, аз он гумшуда нишоне наёфт. Дар сурате ки ҷасади ӯро баъд аз Мавлоно аз чоҳ берун оварданду дафн карданд. Албатта, агар ин воқеа рӯй додааст, чун Мавлоно аз он ҳаргиз огоҳ нашудааст, шӯру шавқе, ки то поёни кор нисбат ба Шамс нишон додааст, аҷаб нест. Аммо агар Султон Валад низ дар китоби хеш бо ин фоҷиа ишорат накардааст, лобуд барои он будааст, ки намехостааст номи бародар ва шӯҳрати муридони падарро олуда кунад, бо ин ҳол ин нукта, ки дар ҳалқаи ёрони Мавлоно қатл воқеъ шуд ва бо вуҷуд мухолифони вай — шаҳнаву қозӣ ба таҳқиқ дар он напардозанд, ғариб менамояд ва сиҳати асли ривоятро машкук (шубҳаовар) месозад. Боре, ғайбати ногаҳонии Шамс Мавлавиро беш аз пеш ба дунёи ишқу ҳаяҷон кашонид. Чунон ки маснади ваъзу тадрисро яксара тарк кард ва бар хилофи интизори муридон аз он пас Мавлоно худро ба куллӣ таслими ваҷду самоъ кард ва ғазалҳои «Девони Шамс» ёдгори ин шӯру ҳаяҷони рӯҳонии ӯст. Чанде баъд аз ғайбати Шамс Салоҳуддини Заркӯб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шӯру гармӣ бо ин муриди омию содаи хеш дил баст ва ӯро бо вуҷуди нохурсандиҳои муридон ноибу халифаи хеш кард. Муридон ин бор низ биранҷиданд ва ҳатто, дар садади қатли Салоҳуддин баромаданд. Аммо Мавлавӣ аз изҳори шавқу муҳаббат дар ҳаққи ин Заркӯби Қуния бознаистод. Духтари ӯ Фотимахотунро барои писари хеш Султон Валад гирифт ва худи ӯро то зинда буд, муддати даҳ сол, тавозӯъ ва такрими беҳад мекард. Чунон ки баъд аз ӯ низ Ҳисомуддини Чалабӣ — як ахизодаи курднажоди Урумия, ки падаронаш аз ҷавонмардони номдори вилоят буданд, то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриду муроди ӯ буд ва ҳамин дӯстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Чунон ки ёди Салоҳуддини Заркӯб низ мисли хотираи Шамс дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда шуд. Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салҷуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ӯ иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ӯ рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ — орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ӯ аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ӯ гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрӯй ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехӯрд, аз вай тавозӯъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.

      Толибилме, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. Дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ дар поёни беморие, ки зоҳиран таби муҳарриқа буд, Мавлоно дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Шайх Садруддини Қунавӣ бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҷасади ӯро дар ҷавори турбати падараш, ки мавсум ба боғи Султон ё Ирамбоғча буд, дафн карданд. Биное ҳам ба номи «Қуббаи хазро» ба нафақаи бузургони аср ва муридон бар турбати вай падид омад. Он ҷо оромгоҳи хонаводагии аҳфоди вай шуд ва то кунун наздики панҷоҳ тан аз фарзандони вай дар он оромгоҳ осудаанд.


Дар бораи китоб:

    «Маснавии Маънавӣ», ки аз шаш дафтар иборат буда бо чунин зайл тақсимот шудааст. Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст. Ба ақидаи олимон чунин бармеояд, ки Мавлоно Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додааст. Одам (а), Нӯҳ (а), Иброҳим (а) Мӯсо (а), Исо (р) ва Муҳаммад (с). Ҷалолуддин бо Ҳисомуддин, ки марди Ҳақ буд аз ин лиҳоз ба Ҷалолиддини Балхӣ бағоят наздик ва дусти хақиқӣ мешаванд. Бо маслиҳати Ҳисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *