Дар бораи китоб:
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ошиқест сармаст, ки фосилаи Балху Бухоро, Самарқанду Бағдод, Димишқу Қуния ва соири кишварҳоро тай кардаву ҷонҳои мустаид ва рӯҳҳои муштоқро бо боли тавонои тафаккуру андеша ва ишқ дар нуру рӯшноӣ дид, ботини замонро шикофту дар замину замон ҷорӣ шуд ва имрӯз ҳар куҷо сухан аз ишқу маънавият, ваҳдату сулҳ ва якдигарфаҳмист, ӯ масале аъло ва намунае барҷаста, ки ин иддао маншаъ аз «Маснавии маънавӣ»-ст.
Ва «Маснавӣ» достонест, қисса андар қисса ва афкору андешаи гӯяндаи он дар ҷустуҷӯи Ҳақ мебошад. Хондани «Маснавӣ» калидест барои кушодани маъонии он, ки ба хонанда пешкаш мегардад.