Масири кӯчаи хотир

Муаллиф: Ғаюр Ашӯри Растагор
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 80
Соли нашр: 2011
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 500 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 18 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ғаюр Ашӯри Растагор шӯъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи омӯзгориро хатм кардааст.

Солҳои зиёд дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун коргардон фаъолият намудааст. Ҳоло мудири бахши адабии Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутист. Маҷмӯаи намоишномаҳои ӯ бо номи «Рӯдакӣ дар Самарқанд» соли 2010 ба табъ расидааст.

«Масири кӯчаи хотир» китоби дуюми нависанда аст.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Ғаюр Ашӯр 15 ноябри соли 1951 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби деҳа, соли 1965, донишомӯзи Омӯзишгоҳи фарҳангу маърифати ноҳияи мазкур, баъдан (соли 1968) шогирди факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко шуда, баъди хатмаш, соли 1973, дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардон ва муҳаррир фаъолият бурдааст. Барои намоишҳои ҳунарӣ саҳначаҳо навишта, намоишномаи адиби доғистонӣ Рамазон Қониевро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва саҳнагузорӣ кардааст.Соли 2011 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 14 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба драманависӣ иштиғол варзида, солҳои 2005-2006 дар заминаи филмномааш силсилафилми «Пой дар гил» (иборат аз панҷ қисм) ба навор гирифта шудааст. Соли 2008 аз рӯи сенарияи ӯ филми ҳунарии «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» таҳия гардидааст. Намоишномаҳои ӯ «Гурги нодон», «Дузди ҳайвондара» ва «Дод аз дасти Афандӣ» дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои дигараш, монанди «Рӯдакӣ дар Самарқанд», «Асҳоби қиёс», «Макри зан ҷуволи арзан» ва ғ. дар театрҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ пешкаши умум гардидаанд. Соли 2010 маҷмӯаи нахустини намоишномаҳояш бо номи «Рӯдакӣ дар Самарқанд» ба табъ расидааст. «Масири кӯчаи хотир» китоби дуюми нависанда аст.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *