Дар бораи китоб:
Ин китоб, ки дар силсилаи «Армуғони Рӯдакишиносӣ» ба табъ мерасад, маҷмӯи мақолоти донишманди маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, академик Абдулғанӣ Мирзоев (1908-1976)-ро дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бар мегирад. Дар китоб ҳамчунин мақолаҳое, ки марбут ба масъалаҳои мероси адабианд, ҷой дода шудаанд, зеро онҳо барои шинохти бештару беҳтари осори Одамушшуаро мусоидат хоҳанд намуд.
Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Абдулғанӣ Мирзоев соли 1939 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург) хатм кардааст, ихтисос — «адабиётшиносӣ».
- 1942—1944 — референти Сафоратхонаи СССР дар Эрон,
- 1945—1947 — мудири бахши адабиёт, Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС,
- 1947—1951 — директори Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС,
- 1951 — узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1957 — узви пайвастаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1951—1958 — мудири бахши адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон,
- 1958—1970 — мудири Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон,
- 1970—1976 — директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: филология, шарқшиносӣ, таърих. Мақолаву очеркҳояш бо тахаллусҳои «Гулханӣ», «Шаҳидӣ» ва «Абдулғанӣ» дар рӯзноҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Ба- рои адабиёти сотсиалистӣ» ба табъ расидаанд. Аввалин асари илмии ӯ «Дар атрофи палеонтологияи забон» (1936) буда, пас аз он доир ба масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклор як қатор мақола ва китобҳояш чоп шудаанд. Вай дар китоби «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947) на фақат як симои барҷастаи адабиёти тоҷикро кашф кард, балки дар тақвияти равияҳои пешқадами адабии давраи шоир мавқеи асосӣ доштани эҷодиёти адибони доираи ҳунармандонро низ муайян намуд. Ӯ зимни тадқиқи хусусиятҳои адабиёти асри 17 собит кард, ки ин давра ҳамчун давраи инкишофи минбаъдаи адабиёти пешина дар таърихи маданияти халқи тоҷик мавқеи хос дорад. Қисми зиёди тадқиқоташ ба адабиёти баъд аз асри 15 бахшида шудааст, ки кам омӯхта шуда буд. Ӯ доир ба сарчашмаҳои адабӣ, оид ба зиндагӣ ва фаъолияти адибони ҷудогона як миқдор мақолаю рисолаҳо дорад. Танҳо доир ба ҳаёти Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ «Музокир-ул-асҳоб» чор мақола: «Муҳимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII», «Тазкираи Малеҳо ва як қатор масъалаҳои таърихӣ», «Малеҳо ҳамчун сухансанҷи адабиёти асри XVII», «Бори дигар дар бораи тазкираи Малеҳо» (м. «Шарқи Сурх», 1940–1961) таълиф намуда, дар Конгресси байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) низ дар ҳамин мавзӯъ суханронӣ кардааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Мулҳами Бухороӣ (1948), Бадриддини Ҳилолӣ (1948), Сайфии Бухороӣ (1955) ва Камолиддини Биноӣ (1954–1955) як силсила мақолаҳо дорад. Соли 1957 тадқиқоти пурарзиши ӯ – «Биноӣ» дар шакли китоби алоҳида нашр шуд. Ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино ва ҳазору садсолагии Рудакӣ мақолаву рисолаҳо нашр кард: «Ҳикоятҳо оид ба Иб- ни Сино ва шахсияти ӯ» (1953), «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV» (1957 бо ҳуруфоти арабӣ; тарҷумаи русӣ 1958), «Абу Абдулло Рӯдакӣ» (1958; тарҷумаи русӣ 1965). Чанде аз асарҳои тадқиқотиаш ба эҷодиёти Аҳмади Дониш ва таҳлили асарҳои ҷудогонаи ӯ бахшида шудаанд: «Аҳмади Дониш ва воқеаҳои қатли омми қипчоқҳо дар нимаи асри XIX», «Аҳмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарьёи Аму» ва ғ. Дар ин мақолаҳо муносибати ҷараёни маорифпарварӣ ба тамоюли халқии адабиёти гузаштаи форсу-тоҷик пайваста тадқиқ шудааст. Яке аз соҳаҳои фаъолияти илмии ӯ омӯзиши равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои дигари ИҶШС ва Шарқи хориҷӣ буд: «Аз таърихи равобити адабии Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри XVI ва аввали асри XVII» (1963), «Алишер Навоӣ ва Хоҷа Ҳофиз» (1966), «Робитаҳои адабӣ ва таърихи адабиёт» (1968), «Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ» (1968) ва ғ.
Аз донишмандони пурвуқуфи илми адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёти форс-тоҷик маҳсуб меёбад, ки ҳамеша пайи тозакорию навҷӯӣ буд. Дар густариши ин илм саҳми беҳамто гузоштааст. Завқи худодод ва мутолиаи фаровон имконаш доданд, ки осори пурбаҳо ба мерос гузорад. Аз нигоҳи ҳаҷм ин осор чандон зиёд нест, лекин бо усули навоваронаи таҳқиқӣ, тарзи масъалагузорӣ, фаровонии мадраку санадҳо, далелнокӣ, ҳадафгирӣ ва академизм дар адабиётшиносии муосири тоҷик собиқа надорад. Вусъати тафаккур, фардияту қудрати илмӣ, нуктасанҷӣ ва маҳорати олимӣ дар ҳар сатри навиштааш ҳувайдост. Дар чандин конгресси байналмилалии шарқшиносӣ, симпозиумҳои ҷаҳонии эроншиносӣ ширкат варзида, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво кардааст. Осораш ба бисёр забонҳои дунё тарҷумаю нашр шудааст. Хидматаш дар ташаккули илми тоҷик тарбияи мутахассисони ҷавон калон аст.
Осор
- Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик”. — Сталинобод, 1947;
- Мулҳами Бухорӣ. — Сталинобод, 1948;
- Очеркҳо оид ба таърих, фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ-сиёсии СССР. — Сталинобод, 1956;
- Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X—XV. — Сталинобод, 1957;
- Таърихи фалсафа. — Сталинобод, 1957;
- Абуабдулло Рӯдакӣ. — Сталинобод, 1958;
- Рудаки и развитие газели в X—XІ вв. — Сталинабад, 1958;
- Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ. — Д., 1968;
- Фонӣ ва Ҳофиз. — Д., 1968;
- Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ. — Д,, 1968.
Адабиёт
- Афсаҳзод А. Академик Абдулғанӣ Мирзоев. — Д., 1983;
- Абдулгани Мухаммадович Мирзоев. Биобиблиография. — Д., 1988;
- Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев. — Д., 2008.
Ҷоизаҳо
- Бо ду ордени «Нишони фахрӣ»,
- Ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952),
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1976),
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).