Дар бораи китоб:
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз нависандагони серхонанда аст. Навиштаҳояшро меҷӯянд, меписанданд. Аз рӯи қиссаҳои машҳураш «Дарди ишқ», «Нишони зиндагӣ» силсилафилмҳо офаридаанд. Романи бисёрҷилдаи «Дар орзуи падар» ва силсилафилми «Дар орзуи падар» ба нависанда шӯҳрати беандоза овардаанд. Ҳамин рӯзҳо аз мазмуни ҳикояи «Меҳри модар» дар Шабакаи аввали Телевизиони ҷумҳурӣ ба наворгирии филми нав анҷом ёфтааст.
Дар ин китоб романи нави Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо «Марги бегуноҳ», чанд ҳикояи тоза ва қиссаи ҳуҷҷатии «Ду қаҳрамон аз як хонадон» дохиланд.
МУНДАРИҶА
Марги бегуноҳ (роман)
ҚИССА
Ду қаҳрамон аз як хонадон
Ситораҳои паси абр
Дарди ишқ
Шабе дар кабудҷар
Ситораи умед
ЁДНОМА
Замоне бо Лоиқ
Қутби Киром дар ёдҳо
Аз Убайд Раҷаб ёдмонда сухан монда
Ширин аз шириниҳо ширинтар
ПУБЛИСИСТИКА
Чанд соате ҳамроҳи Президент
Дили пур аз меҳр меҳри тоҷикӣ