Дар бораи китоб:
Ба зевари табъ ороста гардидани китоби “Ману сигору чуғзу шаб” воқеаи фараҳфизое барои Абдувоҳиди Зевар ва алоқамандони ашъори ӯ мебошад. Акнун ба дафтарҳои шеъри “Накҳати умед” ва “Зулфи бед” маҷмӯаи дигаре афзуд, ки аз навиштаҳои солҳои охири муаллиф фароҳам омадааст. То кадом дараҷа дар пайроҳаи мушкилгузари шоирӣ пеш рафтани Зеварро бигзор, худи хонанда қазоват намояд.