Дар бораи китоб:
Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, адиб ва рӯзноманигор профессор Аслиддин Қамарзода баъзан андешаҳои худро оиди маънои зиндагӣ ва пасту баландиҳои рӯзгор ба риштаи назм кашида, шеъргунаҳо ва манзумаҳо менависад. Дар ин навиштаҳои ӯ хушиҳои замони Истиқлол, ободии диёр, зебоиҳои Самарқанд, ҳаёт ва меҳнати одамони барӯманди он васф карда шуда, дар баъзе манзумаҳо носипосии нокасон, тазодҳои зиндагӣ мазаммат карда мешавад. Дар тарҷумаҳои ӯ низ ҳамин маънӣ ифодаи худро ёфтаанд.
Китоб хонандагонро ба дӯст доштани Ватани азизамон – Ӯзбекистони соҳибистиқлол, Самарқанди қандманд, пос доштани забони модарӣ, дӯстӣ, меҳрубони якдигар ва соҳиби маърифату фарҳанг будан ҳидоят мекунад.