Маҳкуми бегуноҳ

Муаллиф: Лев Николай Толстой
Ношир: «Меҳроҷ Граф»
Саҳифа: 228
Соли нашр: 2017
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 9,37 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 45 нафар

 


Дар бораи китоб:

ин китоб аз 5 ҳикоя, силсилаи афсонаҳо, масал, ривоят, иншо ва ҳикоёти бачагона, пораҳо аз китоби “Маҳдудаи матолиби хонданӣ”, қайдҳо, номаҳо ва баргузидаи суханҳои ҳикматомӯзи даҳои адабиёти рус ва ҷаҳон Лев Николай Толстой мураттаб гардидааст. намунаҳои интихобшуда дорои ҷанбаи қавии инсондӯстӣ, одамият, меҳру вафо буда, мутолиаи онҳо барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.


Дар бораи муаллиф:

Лев Николаевич Толстой (1828 — 1910) — яке аз нависандагони адабиёти русӣ буд.

Зиндагинома

Толстой Л.Н. – нависандаи маъруфи рус, дар хонаводаи ашрофзода, дар деҳаи Ясная Поляна (губернияи Тула) ба дунё омадааст. Вазъи оилаи худро (Лев се бародару як хоҳар дошт) нависанда дар асараш “Бачагӣ. Наврасӣ. Ҷавонӣ” тасвир кардааст.

Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан ба Университети Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ӯ донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд. ӯ дар якчанд мактабҳи ибтидоӣ бо усули худ ба мактаббачагон дарс додааст.

Асарҳои бузургтарини Толстой «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекӯчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ӯ оид ба муҳаббати ҳамагон, кӯшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд. Дар асарҳои «Воскресение» ва «Сонатаи Кретсеров» ҳамин мазмун дида мешавад.

Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кӯшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кумак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дороӣ даст мекашад ва пас бемории сармохӯрӣ вафот мекунад.

Эҷодиет

Романҳои Толстой инҳоянд: «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ва диг.; Асарҳои драмавӣ: «Хонаводаи заҳролуд» (1864), «Нигилист» (1866), «Ҳокимияти зулмот» (1886), «Коркардаи драмавии қиссаи Аггее» (1886), «Самараи маориф» (1890), «Дар торикӣ ҳам нур медурахшад» (1890-1900), «Пётр Хлебник» (1894), «Ҷасади зинда» (1900), «Ҳамаи хусусиятҳо аз ӯст» (1910) ва диг. асарҳо.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *