Дар бораи китоб:
Ин маҷмӯаи осори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Аскар Ҳаким аз шеъру достонҳои маҷмӯъаҳои пешинаш таҳия гашта, қисмате аз он ашъори наве мебошад, ки аввалин бор дар ин ҷо ба чоп мерасад. Аз рӯйи ин мунтахаб метавон роҳи эҷодии шоирро ба муоина гирифт. Шеъру достонҳои он, ки ба забонҳои дигар ҳам тарҷума гаштаанд, аз ҷониби ноқидони шеър баҳои баланде гирифта, аз дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик шинохта шудаанд.