Дар бораи китоб:
Дар ин маҷмӯа асарҳои адабии Ибни Сино ҷамъ оварда шудаанд. Ибни Сино донишманди илмҳои шеър ва хитоба ҳам буд. Асарҳои Арасту «Фанни шеър» ва илми «Хитоба» ба забони арабӣ тарҷума ва ба онҳо Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушди Кордовӣ, Насируддини Тӯсӣ ва баъзе дигарон аз ҷумлаи донишмандони мантиқу балоғат шарҳҳо навиштаанд. Барои ошноии хонандаи ҷавон бо ақидаҳои шеършиносии Ибни Сино ба ин маҷмӯаи «Фанни шеър» аз китоби «Шифо» ворид карда шуд (қисми якум). Қисми дуюми ин маҷмӯа аз рисолаҳои адабии Шайх фароҳам оварда шуд, ки аз панҷ рисола иборат мебошад.
Ибни Сино барои баёни андешаҳои фалсафӣ ва илмӣ тарзи нақли қиссаҳоро интихоб намудааст. Файласуфон ва донишмандони асрҳои миёна ба гузориши андешаҳо дар қолаби ҳикоёту тамсилот майлу рағбати зиёде доштанд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи саромадони ин равия дар адабиёти тоҷик мебошад. Панҷ рисолаи ин маҷмӯа бори аввал бо унвони «Пирӯзинома» бо саъйи Ш. Ҳусейнзода ва мусаввиди ин сатрҳо соли 1980 дар нашриёти «Маориф» чоп шудаанд.