Лутфи Муҳтарам

Муаллиф: Гурез Сафар
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 128
Соли нашр: 2015
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл:  506 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 6 нафар

Дар бораи китоб:

Дар ин китоб аз рӯзгору зиндагии шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам лаҳзаҳои гуногуни лутфомезу ибратангез гирд оварда шудаанд. Қисмате аз ин лаҳзаҳо агар хонандаро ба табассуму хушҳолӣ водор намоянд, қисмати дигар ӯро ба ҳикматеву ибрате далолат месозанд. Муаллиф ин лаҳзаҳои ҳаёти шоирро ба таври аслӣ рӯи коғаз оварда, чизеро аз онҳо афзудаву коста нагардондааст.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-1999) будааст. Ҳоло ҷонишини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» мебошад. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015),  «Лутфи Муҳтарам» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
  • Медали «Хизмати шоиста» (2011)
  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *