Лирикаи халқи тоҷик

Муаллиф: Раҷаб Амонов
Ношир: «Дониш»
Саҳифа: 412
Соли нашр: 1968
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 20,63 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 7 нафар

Дар бораи китоб:

Китоби мазкур дар бораи байт, рубоӣ, дубайтӣ, суруду ашӯла ва бадеҳаҳои халқии тоҷик маълумоти муфассал медиҳад.


Дар бораи муаллиф:

Раҷаб Амонов (1 августи 1923, Ӯротеппа — 27 майи 2002, Душанбе, Тоҷикистон) — фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи АИ ҶТ (1981), доктори илмҳои филология (1968), профессор (1970). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1960), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997). Иштирокчии ҶБВ (1941—1945).

Зиндагинома

Соли 1939 ба факултети филологияи ДДОД ба номи Т. Шевченко дохил шуда, пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1947 онро хатм кардааст. Солҳои 1947—1949 ассистенти кафедраи адабиёти донишкадаи номбурда буд. Аз соли 1950 то охири ҳаёташ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолият дошт. Мудири бахш (1954—1958), мудири шуъбаи фолклор (1958—1991), сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон. (1991—2002).

Фаъолияти илмӣ 

Дар мавзӯъҳои мухталифи адабиётшиносӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи таълифотҳои илмии «Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1963), «Аз паи ҳикмати халқ» (1963), «Асари бадеӣ ва замон» (1970), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981), «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» (1987, Теҳрон 1998), «Рӯбоиёти халқии тоҷикӣ ва рамзи бадеӣ» (1995) мебошад. Бо кӯшиш ва заҳматҳои ӯ китобҳои «Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1956, 1963), «Чистонҳо» (1957, бо Я. Калонтаров), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (бо К.Улуғзода, 1957), «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958, 1963 бо М. Шукуров), «Эҷодиёти даҳонакии водии Зарафшон» (1960), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (1963, 1975, 1980), «Баёзи фолклори тоҷик» ба табъ расидаанд. Баъзе аз ин китобҳо ба забонҳои русӣ, немисӣ ва англисӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Бо иштироки ӯ маҷмӯаҳои бачагонаи «Афсонаҳо барои бачаҳо» (1958), «Ҳафт додарон» (1962), «Лаку Пак» (1966), «Меҳрбону» (1968), «Фариштамоҳ» (1969), «Ҳасанак» (1972), «Нахӯтак» (1979), «Рӯбоҳи ҳиллагар» (1985) ва ғ. ба табъ расидаанд. Китобҳои дарсии адабиёт барои синфҳои 3 ва 6, китоби омӯзиши фолклор (бо В. Асрорӣ) бо ҳаммуаллифии ӯ таҳия гардидаанд. Дар фаъолияти ӯ иншои асарҳои бадеӣ низ мавқеи босазо дорад, ки аз ҷумлаи онҳо «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (1961), «Навбаҳори чашмасор» (1978), «Дар нимароҳи умр» (1988), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Пушаймонӣ» (1993), «Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (1996), «Қиссаҳои диёри чашмасор» (1995), «Ишқи найнавоз» (1996) мебошанд.

Асарҳои Раҷаб Амонов ба забонҳои русӣ, украинӣ, англисӣ, немисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Раҷаб Амонов дар Симпозиуму конгрессҳои байналмилалӣ дар мазӯъҳои марбут ба эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик суханронӣ кардааст.

Осор

  • Очеркҳои эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кӯлоб, Д., 1963;
  • Лирикаи халқии тоҷик, Д., 1968.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *