Ламаъот

Муаллифон: Фахруддин Ироқӣ
Ношир: «Хайём»
Саҳифа: 108
Соли нашр: 2004
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 19 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 27 нафар

Дар бораи китоб:

Ламаъоти Фахруддин Ироқӣ яке аз пурарзиштарин асарҳои таърихи афкори фалсафии аҳли тасаввуф буда, сабки нигориши он насри мусаҷҷаъи бо назм омехта аст.

Ин китоб барои муҳаққиқони таърихи тасаввуф, донишомӯзони риштаҳои таълими гуманитарӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.


Дар бораи муаллиф:

Фахруддин Ироқӣ (ар. فخر الدين العراقي‎; 1213, Ҳамадон — 1289, Димишқ) — шоир, ориф ва нависанди сӯфии адаби форсӣ дар садаи ҳафтум ҳиҷрӣ, муаллиф «Ламаъот» мебошад.

Зиндагинома

Фахриддин Иброҳим бинни Шаҳриёр Ирокии Хамадони дар нимаи аввали асри ХIII зиндагӣ ва эҷод карда, мувофики ахбороти сарчашмахо таваллуди ӯ ба соли 604/1207 рост меояд. Зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳамадон буда, то синни 18-солаги дар он чо умр ба сар бурдааст. Баъдан Ироки ба мамлакатҳои Миср, Сурия, Ирок саёхат намудааст. Дар бораи зиндагии ӯ дар маъхазхо маълумоти саҳеҳ вучуд надорад. Бино ба гуфти мухаккикон ӯ дар соли 688 ҳиҷрӣ (1289 милоди) дар шаҳри Димишк вафот кардааст.

Осори бокимондаи Ирокиро девони газалиёту рубоиёт ва хикоёт, маснавии хурде бо номи «Ушшокнома» ва китоби фалсафию ирфонии «Ламаъот» ташкил медихад.

Намунаи ашъор

Бикашам ба ноз рузе сари зулфи мушкрангаш, Надихам зи даст ин бор, агар оварам ба чангаш. Сари зулфи ӯ бигирам, лаби лаъли ӯ бибусам, Ба мурод агар натарсам зи ду чашми шуху шангаш. Чу набот мегудозам ҳама шаб дар оби дида, Ба умеди он ки ёбам шакар аз дахони тангаш. Биравам, зи чашми масташ назаре ба вом гирам. Ки бад-он назар бубинам рухи хуби лоларангаш. Чу камони абрувонаш фиканад хаданги гамза, Чи кунам, ки ҷон набозам сипар аз паи хадангаш? Зи лабаш итоб, ё раб, чи хуш аст сулҳи ӯ худ, Бинигар чи гуна бошад, ки чунин хуш аст чангаш. Дилам оинасту дар вай рухи ӯ наменамояд, Нафасе бизан Ироки, бигузар зи ному нангаш.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *