Куллиёт (II)

Муаллиф: Абулқосим Лоҳутӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 352
Соли нашр: 2010
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,93 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 56 нафар

Дар бораи китоб:

Ҷилди дуюми Куллиёти академии Абулқосим Лоҳутӣ шеърҳои лирикӣ ва публисистии ӯро аз соли 1926 то соли 1940 дарбар мегирад. Китоб аз се қисм иборат аст. Дар қисми якум таҳиягарон кӯшиш намудаанд, ки дар натиҷаи омӯхтани ҳамаи сарчашмаҳои мавҷудаи осори шоир – дастхати ӯ, сиёҳнавис ва покнависи асарҳо, китобҳое, ки аз тарафи худи ӯ ба нашр ҳозир гардидаанд, матни аслӣ ва саҳеҳи муаллифро ба хонанда пешниҳод кунанд. Тадқиқи ҳар як шеъри устод Лоҳутӣ ба онҳо имконият додааст, ки таърихи эҷоди онро муайян кунанд, санаи таълифи онро аниқ намоянд. Китоб аз архиви шоир баъзе шеърҳоеро низ дарбар мегирад, ки то ин дам чоп нашудаанд. Дар қисми дуюм фарқи нусхаҳо ва вариантҳо дар муқоиса бо матни асосӣ зикр ёфтааст. Қисми сеюм аз тавзеҳоти муфассал иборат аст.

Ин китоб ба мутахассисони адабиёт, ба муаллимону донишҷӯёни факултаи филологияи мактабҳои олӣ, ба муаллимони забону адабиёти мактабҳои олӣ, миёна, ба ҳамаи дӯстдорони шеъри Лоҳутӣ пешниҳод мешавад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.