Дар бораи китоб:
Аз он замон ки мухлисони шеъру адаб бо ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Асад Гулзодаи Бухороӣ ошноӣ пайдо намуданд, 60 сол мегузарад. Дар тӯли ин солҳо шоири маҳбуби ҳамаи мо, ба хусус, кӯдакону навҷавонон, ба унвони як адиби заҳматкаш ва пурталош шинохта шуд, ашъори обдору тобдораш вирди забонҳо гашт, маҷмӯъаҳои шеъраш дастраси хонандагон гардид. Инак, аввалин ҷилди “Куллиёти осор”-и ӯ, ки гузинае аз ашъори дар солҳои гуногун сурудаи шоирро дарбар мегирад, дар ихтиёри шумо қарор дорад.
Умедворем, ки ашъори дар ин маҷмӯъаи нисбатан бузургтар фароҳамомадаи Асад Гулзода писанди табъи шумо гардад.