Хиёбони нодир

Муаллиф: Фазлиддин Муҳаммадиев
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 240
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,91 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 39 нафар

 


Дар бораи китоб:

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд. Маҳз эшон ба ҳунару заҳмати хеш дар баланд бардоштани сатҳи маърифати насри муосири тоҷик, махсусан жанри ҳикоя хидмати бемисл кардаанд.

Қиссаи «Варта» ва чанд ҳикояе, ки дар ин маҷмӯа гирд омадаанд, гувоҳи инанд.


Дар бораи муаллиф:

Фазлиддин Аминович Муҳаммадиев – нависанда, Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон (1978), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967).

Зиндагинома

Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 шаҳри Самарқанд. Соли 1946 ба Сталинобод омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” (минбаъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – “Ҷумҳурият”, 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – “Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (ҳоло – “Омӯзгор”, 1954), мудири шӯъбаи маданият ва маишати рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло – “Фирӯза”), “Хорпуштак” (1955-1957), мудири шӯъба, котиби масъули моҳномаи “Шарқи Сурх” (ҳоло – “Садои Шарқ”, 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони Киностудияи ”Тоҷикфилм” (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти “Ирфон” (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978-1981) кор кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев 16 октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон додааст. Фазлиддин Муҳаммадиев дар оромгоҳи Боғи Лучоб ба хок супорида шудааст.

Эҷодиёт

Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони кӯҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1982) «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд. Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз биҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи «Арӯси охирини амиралмӯъминин» (1963)-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғ.-ро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо

  • Бо ордени “Дӯстии халқҳо”,
  • “Нишони Фахрӣ”,
  • Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986),
  • дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967),
  • Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.

Некдошт

Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *