Дар бораи китоб:
Китоб аз мақолаҳои илмии олимони ватаниву хориҷӣ дар перомуни рӯзгор, осор, назару андеша ва фалсафаи намояндаи адабиёти асри XIV, суханвари тавонои тоҷик Камолиддин Муҳаммад Масъуд, маъруф ба Шайх Камоли Хуҷандӣ иборат мебошад. Муаллифони мақолот кӯшиш ба харҷ додаанд, саҳифаҳои нокушудаи китоби рӯзгори шоирро ба рӯи хонанда боз намоянд ва аз падидаҳои ҳунарӣ, фалсафаи амиқ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ин шахсияти нодири таърихӣ изҳори назар намоянд. Китоб ба доираи васеи хонандагон равона карда шудааст.