Ҷавпазак

Муаллиф: Бахтёри Муртазо
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 256
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,91 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 24 нафар

 


Дар бораи китоб:

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.


Дар бораи муаллиф:

Зиндагинома

Бахтёри Муртазо (Бахтёр Қосимзода Муртазо)23 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба рӯзноманигорӣ шуғл варзида, дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» хидмат кардааст. Ҳоло раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аст.Солҳои 1969-1973 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва 1979-1982 ба сифати афсар хизмат кардааст. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғ. мебошад. Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст. Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ,қазоқӣ,ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и Константин Паустовский ва асарҳои дигар адибонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ;
  • Нишони «Ситораи сурх»;
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон;
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
  • 15 медали ҷангию меҳнатӣ.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *