Итари бадам не-да!..

Муаллиф: Шодӣ Солеҳ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 96
Соли нашр: 2010
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,04 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 51 нафар

 


Дар бораи китоб:

Хонандагони арҷманд хеле аз ин саҳначаҳоро ба роҳи телевизион борҳо дида, хеле завқидаанд. Дар китоб иловаҳои тоза низ хелеанд, умедворем аз ошноӣ бо ин суханҳои хеле намакин хеле хонандагон хеле лаззат мебаранд ва завқи лутфи андешаи худро хеле боло мебаранд. Ба хотири ширинии лутфи забони халқӣ хеле лаҳҷаҳо хеле роҳ дода шуд. Хеле…


Дар бораи муаллиф:
ShodiSalikhov.jpg
Шодӣ Солеҳов (09.08.1949), ҳунарпеша ва кинорежиссёри Синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои умумиитифоқӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР.
Шодӣ Солеҳов аз соли 1971 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Врҳидов ба фаъолияти эҷодӣ шуруъ кардааст. Муаллифи 25 пиеса аз ҷумла «Умед» (1982), «Ҳукм» (1983), «Ҷияни хира» (1984), «Ба пеш, холаҳо!» (1987), «Тахти Султон Маҳмуд» (2000) ва диг., ки дар театрҳои Тоҷикистон ва хориҷи он ба саҳна гузошта шудаанд.
Ӯ аз соли 1975 дар «Тоҷикфилм» ба ҳайси ҳунарпеша кор кардааст. Филмҳои “Тоҷикфилм” бо иштироки ӯ соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ шудааст.

 


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *