Ишқи зистан

Муаллиф: Равшан Махсумзод
Ношир: «Русская литература»
Саҳифа: 192
Соли нашр: 2020
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,93 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 32 нафар

Дар бораи китоб:

Дар китоби нави нависандаи шинохта Равшан Махсумзод қисса ва ҳикояҳои солҳои охир эҷоднамудаи ў ҷой дода шудаанд. Бовар дорем, ки писанди хонандагони гиромӣ мегарданд.


Дар бораи муаллиф:

Равшан Махсумзод — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000).

Зиндагинома

Равшан Махсумзод 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳаашон ба итмом расонда, вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) идома дода, соли 1990 соҳиби диплом гаштааст. Сипас мухбири ҳафтаномаи «Сухан», котиби масъули ҳафтаномаи «Саховат», мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Эҷодиёт

Нахустин ҳикояҳояш ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе» ба табъ расидаанд. То имрӯз маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳояш «Арзи дил» (1997), «Қалами шинос» (1998), «Духтари кӯҳистон» (2003), «Сояи ишқ» (2007), «Кафан киса надорад» (2009),«Пули Сирот» (2012), “Дили модар” (2016), “Ишки зистан” (2020) интишор ёфтаанд. Дар баробари иншои асарҳои бадеӣ навиштаҳои публитсистиаш пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд. Эссеву мақолаҳои ӯ дар хусуси зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти пурсамари чеҳраҳои мондагори илму фарҳангу адаби тоҷик, монанди Устод Айнӣ, ҳунарпешаи номӣ Ҳошим Гадо, олими маъруф Ҳамид Мансуров,нависандагони машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов,Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Муаззама ва диг. аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудаанд. Соли 2011 ҳикояи ӯ «Човандоз», ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ нигошта шудааст, барандаи дипломи нахустин Озмуни байналхалқӣ гардид, ки Иттифоқи журналистони Русия таҳти унвони «Искусство жить вместе» («Фарҳанги ҳамзистӣ») эълон карда буд. Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ ва белорусӣ тарҷума шудаанд. Худи ӯ чанде аз ҳикояҳои адибони русу белорус, амрикоӣ, ҳинду, маҷорӣ, ӯзбекӣ ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ; (2015)
  • Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон;
  • Нишони «Сухан»;
  • Ифтихорномаи Шӯрои Олии СССР;
  • Ордени «Шараф ва мардонагӣ»;
  • Медали «Барои шуҷоат»;
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *