Хуршеди раҳгузар

Муаллиф: Адибаи Хуҷандӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 80
Соли нашр: 2016
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 333 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 16 нафар

Дар бораи китоб:

“Хуршеди раҳгузар” намунаи ашъори солҳои охир эҷодкардаи шоираи хушзавқ Адибаи Хуҷандӣ буда, хонандаро ба олами ишқу зебоӣ ва покиву рӯшноӣ ҳидоят месозад.


Дар бораи муаллиф:

Адибаи Хуҷандӣ (Мирзоева Адиба Қаландаровна; тав. 5 июли 1971, маҳаллаи Тути Калон, Хуҷанд, вилояти Ленинобод) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

Адиба Мирзоева 5 июли соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари шӯъбаи суханшиносии ДДХ (солҳои 1988—1992) мебошад. Соли 1993 фаъолияти кории худро дар шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати котиба-коргузор оғоз намуда, солҳои 1996-98 дар ширкати телевизионии «Темурмалик» ба сифати муҳаррири барномаҳои адабӣ фаъолият дошт. Адиба аз соли 1998 чун мушовир ва мудири шӯъбаи назми маҷаллаи «Хуҷанд» адои вазифа дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Эҷодиёт

Маҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайғоми саҳар» (соли 1995), «Гиряи ишқ» (соли 1999), «Ситорачин» (2001), «Ҳиҷрони офтоб» (соли 2003) интишор шуда, аз ҷониби хонандагон хуш истиқбол ёфтаанд. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Инчунин китоби ку бо номи Накхати гулхони гумгашта соли 2008 интишор ёфта аст. У яке аз шоирони номвари замон буда бо ашъори ноби хеш камназир аст. Шеърҳояш дар Чумхури ва берун аз он шуҳрат доранд.соли 2012 китоби ӯ бо номи «Гунчаборон» дар шаҳри Хуҷанд интишор ёфт, ки ба хотираи неки устодаш доктори илмҳои филологи, олими нотакрор Абдулманнон Насриддини Хуҷанди бахшида шудааст. китоб аз 330 сахифа иборат буда, фарогири шеъри ҷадид ва шеъри суннатист.

Ҷоизаҳо

Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қутбӣ Киром. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *