Хамса: Лайлию Маҷнун, Ҳафт пайкар

Муаллиф: Низомии Ганҷавӣ
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 480
Соли нашр: 2012
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,49 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 30 нафар

Дар бораи китоб:

Зода ва парвардаи Ганҷаи Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ аз бузургтарин устодони каломи бадеъи форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, «Хамса»-и дилписанду бегазанди ӯ аз шоҳкорҳои фарҳанги дунё эътироф гардидааст.

Шоир бо ин шоҳасар мактаби адабии «Хамса»-сароиро дар адабиётамон поя гузоштааст, ки баъд аз он дар пайравии ин асар ва достонҳои алоҳидаи он дар адабиёти Шарқ асарҳои зиёде офарида шудаанд.

Дар Тоҷикистон «Хамса» ё достонҳои алоҳидаи он борҳо ба нашр расидааст. Инак, нашри тозаи ин асар дар се ҷилд бо тасҳеҳи нав пешкаши хонанда мегардад.


Дар бораи муаллиф:

Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид матахаллис ба Низомӣ ва номвар ба Низомии Ганҷавӣ (форсӣ: نظامی گنجوی‎, курдӣ: Nîzamî Gencewî, نیزامی گه‌نجه‌وی‎; 1141, Ганҷа, Атобакони Озарбойҷон — 1209, ҳамон ҷо) — шоир ва мутафаккири форс-тоҷики аҳли Озарбойҷон, яке аз устодони мусаллами шеъри форсӣ. Тамоми осорашро ба форсӣ навшитааст.

Низомӣ ҳеҷ гоҳ турк набуд ва ба забони туркӣ мисраъе эҷод накардааст.

Зиндагинома

Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Бармаҳал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш уфтод. Зиндагии Низомии Ганҷавӣ баъди сари падар вазнин буд; бо шоҳибофӣ рӯз мегузаронд. Ӯ аз илмҳои замонаш — фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофиё, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохта, дар байни аҳли адаб эътироф пайдо кар­да буд.

Низомии Ганҷавии тамоми умр дар Ганҷа зиста, аз шоирони замон бо Хоқонии Шервонӣ дӯстӣ дошт.

Низомии Ганҷавӣ соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Холо дар болои турбати ӯ мақбараи муҳташаме сохта шудааст.

Бузургдошт

Соли 1941 800-солагии Низомии Ганҷавӣ ҷашн гириф­та шуд. Ҳар сол дар Кировобод (собиқ Ганҷа) ҷашни солонаи Низомии Ганҷавӣ баргузор мешавад. Дар зодгоҳи шоир ва шаҳри Боку ҳайкали ёдгории ӯ гузошта шудааст. Мақбараи Низомии Ганҷавӣ дар Кировобод аст. Соли 1979 дар Киров­обод музеи Низоми Ганҷавӣ кушода шуд. Дар асосӣ достонҳои Низомии Ганҷавӣ филмҳо, пэсаҳо, балет, опера, асарҳои рассомӣ ба миён омадаанд. Дар СССР мактабҳои олӣ ва миёна, театрҳо, китобхонаҳо, кӯчаҳо ба номи Низомии Ганҷавӣ гузошта шудаанд.

Осор

  • Баҳром ва ҳафт пайкар, Сталинобод, 1941;
  • Достони «Лайлӣ ва Маҷнун», Сталинобод, 1948;
  • Ҳикоятҳо аэ «Хамса», Д., 1969.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *